Аз соли 2019 миёни Русия ва Тоҷикистон созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Русия амал мекунад. Аммо дар амал низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба аксари онҳо фаҳмо нест ва муҳоҷирон то ҳол мустақилона сафар карда, ба воситаи дӯстону наздиконашон кор меёбанд.
Дар бораи афзалиятҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ ба “Азия-Плюс” муовини вазири меҳнат, корфармо аз Русия ва худи муҳоҷирон изҳори назар карданд.
Аксарият аз бартариҳои ҷалби муташаккилона огаҳ нестанд
Ба гуфтаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ҷалби дурусти муташаккилона ба фоидаи худи муҳоҷирон аст. Ба ҷуз кори кафолатнок бо маоши доимӣ, сатҳи муҳофизати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ хубтар мешавад.
Дар созишномаи ҷалби муташаккилона пешбинӣ шудааст, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интихоби номзадҳо бо ихтисоси зарурӣ ва таҷрибаи кор, омодагии касбӣ, мусоидат ба ба баргузории имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия ва то ба ҷойи кор бурдану ба ватан баргардонидани муҳоҷирон машғул мешавад.
“Мо давраҳои омӯзишӣ мегузаронем, то ки муҳоҷирони мо бо доштани ҳадди ақалл ягон касбе ба Русия раванд. Лекин мушкили асосӣ - сатҳи огаҳии пасти шаҳрвандони мост. Барои огаҳ шудани онҳо тариқи ВАО, замимаҳои мобилӣ, сатрҳои гузарон ва ғайра бисёр корҳо ба сомон расонида мешаванд, лекин ҳамаааш бенатиҷа аст, - мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ. - Чунки шаҳрвандони мо ба хешу ақрабо ва наздикону ҳамсояҳои худ бештар бовар мекунанд”.
Чаро муҳoҷирон ба низоми ҷалби муташаккилона чандон эътимод надоранд?
Ин ҷо гап танҳо сари он нест, ки аксарияти онҳо аз бартариҳои он огаҳ нестанд. Ба гуфтаи коршиносон, ба корфармоён дар Русия бастани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷирон фоидаовар нест, зеро аз нигоҳи онҳо, ин харҷи зиёдатӣ аст.
Онҳо беҳтар медонанд, ки шартномаи меҳнатиро ба расмият надароварда, коргаронро ба кор қабул кунанд.
Маоши ғайрирасмӣ имкон медиҳад, ки ҳам корфармоён ва ҳам худи муҳоҷирон аз пардохти андоз худдорӣ намуда, инчунин хароҷоти худро камтар кунанд.
Худи муҳоҷирон ба гирифтани иҷозатнома чандон таваҷҷуҳи зиёд надоранд, зеро ин кор ба назари онҳо, дарозмуддату гарон аст.
Дар натиҷа, онҳо аксар вақт қурбони корфармоён ва миёнаравҳои бевиҷдон мешаванд. Ва будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия аксаран боиси ихроҷ мешавад.
Кор дар назди корфармои боэътимод
Дар ҳамин ҳол, афзалиятҳои муҳоҷироне, ки дар назди корфармоёни санҷидашуда ва боэътимод кор кардаву бо Вазорати меҳнати Тоҷикистон созишнома доранд, возеҳу аён аст.
Сергей Хачатурян роҳбари ҶДММ «Щёлковский МПК» (Комбинати коркарди гӯшти Шёлково) мебошад.
Комбинати гӯшти Шёлково ба истеҳсоли маснуот ва маҳсулоти нимтайёри гӯшт тибқи қарордод машғул аст.
Ба гуфтаи Хачатурян, дар ширкати ӯ барои шаҳрвандони Тоҷикистон кор зиёд аст. Масалан, барои занон коргоҳи алохидаи кори дастӣ ташкил карда шудааст. Онҳо маҳсулоти гуногуни ордӣ тайёр мекунанд. Дар ошхона ва коргоҳи хӯришҳо барои фаррошзанон ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд.
Дар коргоҳҳо мардон низ кор ёфта метавонанд, ин ҷо ба онҳо идора кардани таҷҳизотро меомӯзанд, онҳо метавонанд ба боркашонӣ машғул шаванд, дар коргоҳи маҳсулоти тайёр тибқи фармоиш кор кунанд.
Барои шахсоне, ки шаҳодатномаи ронандагӣ доранд (тоҷикӣ ҳам эътибор дорад), кор дар мошинҳо пешбинӣ шудааст.
Нозирони баст (смена) низ аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон таъин шуда, ба коргарони нав дар омӯхтани касбу кор ва одат кардан ба ҷои кор кумак мекунанд.
Ин рӯзҳо дар комбинат коргоҳи нави истеҳсоли питса ба кор даромад, ки дар он ҳам қувваи корӣ талаб мешавад.
Бо фармони роҳбарияти ширкат ба коргарон аз Тоҷикистон дар як сол ба ҷойи як моҳ ду моҳ рухсатӣ дода мешавад.
Ҷалби онҳо ҳам ба воситаи коргарони пешин, ки хешовандон ва шиносҳои худро даъват мекунанд ва ҳам тариқи Агентии шуғл дар хориҷаи Тоҷикистон сурат мегирад.
Ширкат худаш арзиши билети ҳавопаймоиро пардохт намуда, коргарони даъватшударо дар фурудгоҳ пешвоз мегирад ва то ҷойи кор ва зист бурда мерасонад.
Муҳоҷирони корӣ бо хобгоҳи дорои шароитҳои хуб таъмин мешаванд. Намояндагони Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба “Комбинати коркарди гӯшти Шёлково” меҳмон шуда, худашон ба ин бовар ҳосил карданд.
Дар ин корхона коргарон се вақт бепул бо хӯрок таъмин карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, таъомҳо бо хоҳиши худи коргарон тайёр карда мешаванд.
Ширкат аз ҳисоби худаш кормандонро бо либоси махус таъмин мекунад. Дар хобгоҳ сартарошхонаи бепул, ҷойи либосшӯйӣ, ду бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи хурди мобилӣ , ҷойи истироҳат, ҷойи намозхонӣ мавҷуд аст.
Ба гуфтаи Сергей Хачатурян, имсол барои истироҳати коргарон дар соҳили дарё айвони тобистона месозанд.
«Мо инчунин ҷашнҳои идона ташкил мекунем - ба муносибати ҷашни Наврӯз, Иди Рамазон, Қурбон ва ғайра», - гуфт корфармо.
“Кори 10-соатӣ дар дар ду баст ҳамроҳ бо вақти хӯроки нисфирӯзӣ. Музди мехнат аз 50 хазор рубл ва зиёдтар аз он. "Онҳо ин маблағро соф ба дасташон мегиранд. Одамоне, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, 80 ҳазор маош мегиранд, аммо нисфи он барои хароҷоти гуногун сарф мешавад. Натиҷа он аст, ки даромадашон аз мо кам аст. Гузашта аз ин, муҳоҷири ғайриқонунӣ будан ҳам хатари зиёд дорад”, - мегӯяд Хачатурян.
Тибқи маълумоти корфармо, айни замон дар Комбинати коркарди гӯшти Шёлково ҳудуди 400 нафар аз Тоҷикистон машғули коранд.
Ва ин танҳо як мисоли барҷастаи ба кор рафтан тавассути Агентии шуғл дар хориҷа мебошад.
Муҳоҷирон дар бораи сафарбарии муташаккилона чӣ мегӯянд?
Мирзоалӣ Сайдалиев, 56-сола:
“Соли чорум аст, ки тариқи ҷалби муташаккилона дар Русия кор мекунам. Ҳамин комбинатро интихоб кардам. Ҳар моҳ ба хона камаш 5 ҳазор сомонӣ мефиристам. Дар ин муддат муяссар шуд, ки хонаамро пурра таъмир карда, фарзандонамро хонадор кунам.
Яке аз бартариҳои асосии ҷалби муташакиилона дар он аст, ки туро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд, дар маҳалли зист ба қайд мегузоранд ва умуман барои шумо тамоми бастаи ҳуҷҷатҳоро омода мекунанд. Муҳим он аст, ки шумо мутмаин ҳастед, ки қонунӣ кор карда истодаед ва рейдҳо нисбати муҳоҷирон ба шумо хавфе надоранд. Танҳо аз рӯи виҷдон кор кардан лозим аст”.
Сангалӣ Кароматов, 39-сола:
“Пас аз сарсониву озмоишҳои чандинсола ман бартарии сафарбарии муташаккилонаро дарк кардам. Ҳар дафъа ба Агентии шуғл дар хориҷа муроҷиат мекунам. Ҳамаи хидматрасониҳои онҳо бепул аст.
Интихоб ҳаст: агар шароит ё маош ба шумо мувофиқ наояд, метавонед рад кунед.
Ширкатҳое ҳастанд, ки тамоми бастаи ҳуҷҷатҳо ва чиптаҳои ҳавопайморо ройгон пешниҳод мекунанд. Баъзе корфармоён баъдан онро аз маош нигоҳ медоранд, умуман, ҳар кас шароити гуногун дорад. Бори охир дар Уфа, дар як корхона кор кардам. Ҳама чиз ба ман мувофиқ буд, аммо ҳоло маоши баландтар мехоҳам».
Раҳматулло Шоев, 28-сола:
“Ман ҳеҷ гоҳ тариқи сафарбарии муташаккилона ба Русия нарафтаам, зеро маошаш кам аст. Дар сохтмон ё кори хусусӣ зиёдтар пул ба даст меорам.
Ҳамроҳи дӯстонам дар иҷора зиндагӣ мекунем, ҳар кадоме ҳар моҳ 8 ҳазор рубл медиҳад. Барои патент ва дигар ҳуҷҷатҳо маблағ месупорем. Ба сурати умум, бо назардошти хӯрок, хароҷоти якмоҳа зиёда аз 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар даст 45-50 ҳазор боқӣ мемонад. Аз ин нисфашро ба хона мефиристам.
Ба воситаи шиносҳо худро ба қайд мегузорам, намедонам, он қонунӣ аст ё қалбакӣ? Дар ҷойи дигар қайд дорам, хонаеро, ки қайдам дар онҷост, боре ҳам надидаам.
Кӯшиш мекунам, ки бо пулис вонахӯрам, кӣ медонад? Бо пул ҳама вақт халос шуда наметавонӣ, таҳдиди ихроҷ барои риоя накардани реҷаи шиносномавӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Шукр, алҳол дучор нашудаем.
Ин ҷо ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба воситаи шиносҳо дуруст карда мешаванд. Корро ҳам нафаре аз Тоҷикистон меёбад, ки доимо бо ин кор машғул аст. Дар мақомот ӯ шиносҳои хуб дорад. Барои ин ӯ аз мо ҳаққи худро мегирад.
Мо як ҳаҷми муайяни корро иҷро карда, пули онро низ тариқи миёнарав мегирем. То охир бовар намекунем, ки миёнаравҳо ба ваъдаи худ вафо мекунанд ё не. Одамони зиёде ҳастанд, ки пули коркардаи худро гирифта наметавонанд.
Ман ҳамаи бартариҳои кор тариқи сафарбарии муташаккилонаро мефаҳмам, лекин он ҷо пули кам пардохт мекунанд ва ман ин гуна ба Русия намеравам...”.