Коршиносони Гурӯҳи дастгирии таҳлилӣ ва мушоҳидаи таҳримҳои назди СММ бар ин назаранд, ки ба ҳолати охири соли 2024 дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳҳои террористӣ амал мекарданд, ки натанҳо ба амнияти дохилии ин кишвар, балки дар умум Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ин хулоса дар гузориши сомонаи СММ нашр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муаллифони гузориш, Толибон* бисёр вақт ба баъзе аз ин гурӯҳҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои марбут ба сохтори байнулмилалии террористии “Ал-Қоида”, ки аз муҷоҳидон дар саросари дунё пуштибонӣ мекунанд, кумак мерасонанд.
Ба ин тариқ, мақомоти Афғонистон ба ифротгароён паноҳгоҳ, урдугоҳҳои таълимӣ фароҳам оварда, баъзан кӯмаки моддӣ мерасонанд ва инчунин барои роҳбарон ва фармондеҳони ҷунбишҳои алоҳида муҳофиз таъин кардаанд.
Ин ҷо сари гурӯҳҳои ғайриафғонӣ, аз ҷумла “Таҳрики Толибони Покистон”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки асосан аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборатанд, сухан меравад.
Тибқи маълумоти коршиносони СММ, соли гузашта “Таҳрики Толибони Покистон” дар минтақаҳои Кунар, Нангарҳор, Хуст ва Пактико марказҳои таълимӣ кушода, фаъолона ба ҷалби тарафдоронаш машғул буд.
Ин ба созмон имкон дод, ки 600 ҳамла содир намояд, аз ҷумла аз қаламарави Афғонистон. Гуфта мешавад, Кобул гурӯҳи покистониро маблағгузорӣ намуда, ба пешвои он ҳар моҳ 43 ҳазор доллар пардохт мекунад.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар минтақаҳои Хуст ва Тахор урдугоҳҳои тамринӣ дорад. Дар ин ҷо муҳандисон ва мураббиёни “Ал-Қоида” аксаран аз ҳисоби зодагони кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ ҷангиён ва террористони маргталаб омода мекунанд.
Ба созмони ифротгарои “Давлати исломӣ - Хуросон (ДОИШ - Хуросон) таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Толибон зидди ин ҳалқа мубориза мебаранд, лекин он хоҳ-нохоҳ дар Афғонистон фаъолона амал мекунад.
Таҳлилгарон аз ҳодисаи куштори роҳбари Вазорати умури паноҳандагон ва бозгаштагон Халил Аҳмад Ҳаққонӣ, яке аз пайвандони наздики Сироҷиддин Ҳаққонӣ (роҳбари шабакаи Ҳаққонӣ) мисол меоранд, ки аз дасти маргталабе кушта шуд.
Дар ин давра ДОИШ - Хуросон сафҳои худро ба таври назаррас зиёд кард. Ба ин норозигии сокинони минтақаҳои шимол - Бадахшон ва Қундуз аз ҳукмронии Толибон таъсир расонид. Дар ин минтақаҳо асосан тоҷикони этникӣ ба сар мебаранд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, деҳқононе, ки дар натиҷаи манъи кишти кӯкнори афюн зарар дидаанд, бо мақсади интиқом аз ҳукумати Афғонистон ба ҷангҷӯён паноҳгоҳ дода, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Таъкид мешавад, ки ин гурӯҳ шумораи ҳарчи бештари ҷангҷӯёни ҷалбшударо ба Афғонистон интиқол медиҳад, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон мебошанд.
Бо вуҷуди ин, рӯзи 17-уми феврал намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Абдул Матин Конӣ изҳор дошт, ки "Давлати Исломӣ" дар кишвар комилан саркӯб шуда, дигар ҳузури ҷисмонӣ надорад. Вай инчунин илова намуд, ки ҳамлаҳои террористие, ки масъулияти онҳоро "Давлати Исломӣ" ба уҳда мегирад, аз кишварҳои ҳамсоя ташкил карда мешаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста