Муҳоҷирони тоҷикро, ки дар фурудгоҳҳои Русия аз ҳавопамйо поин меоянд, бо ишораи он, ки онҳо танҳо баъди се моҳ метавонанд такроран ба Русия оянд, бозпас ба Тоҷикистон мефиристанд. Ин муҳлат аз куҷо пайдо шудаву ба чӣ асос меёбад?
Чанде пеш муҳоҷирони тоҷик бо манъи вуруд ба Русия дучор шуданд, ҳарчанд онҳо аллакай билети ҳавопайморо харида, ба фурудгоҳҳои Русия омада буданд.
Масалан, рӯзи 24 июн дар фурудгоҳи Внуково ба 80 шаҳрванди Тоҷикистон вуруд ба Русияро рад карданд. Танҳо мардони ҷавонро роҳ надоданд, ҳеҷ кадоме аз онҳо ихроҷ нашуда, танҳо вурудашонро ба муҳлати се моҳ манъ карданд. Ин муҳлати аҷиб аз куҷо пайдо шуд ва ба чӣ асос ёфтааст?
Кормандони фурудгоҳ инро чӣ гуна мефаҳмонанд?
Аллакай якчанд ҳафта инҷониб ҳолатҳои ба таври оммавӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон надодани иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия дар фурудгоҳҳои Русия ба қайд гирифта мешаванд.
Масалан, яке чунин тоҷикистониён бо номи Саид ба корманди фурудгоҳ муроҷиат намуд, то ки сабабҳои иҷозаи вуруд надоданашро бифаҳмад. Ба Саид посух доданд, ки пас аз бори охир се моҳ омаданаш бояд аз Тоҷикистон намерафт.
Ин қонунӣ аст?
Кормандони фурудгоҳ бо мусофирон дағалона рафтор намуда, сабаби рад шудани вурудро намефаҳмонанд ва шарҳ намедиҳанд, ки бар асоси кадом моддаи қонун чунин маҳдудият истифода бурда шуд.
“Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки мустақилона ин сабабро дарёфт кунад, лекин дар бораи маҳдудият ба муҳлати се моҳ ишорае пайдо карда натавонист.
Чунин рад шудани вуруд ба Русия бештар ба маҳдудияти будубош барои муҳоҷирон бидуни ҳуҷҷатҳо барои иҷоза (патент, шартномаи меҳнатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ва ғайра) монанд аст.
Дар чунин ҳолатҳо муҳоҷирон наметавонанд зиёда аз 90 рӯз дар ним сол дар Русия ҳузур дошта бошанд. Агар ин муҳлат ба охир расад ва муҳоҷир боз хоҳад, ки ба Русия ворид шавад, ӯро роҳ намедиҳанд ва дархост мекунанд, ки ба охир расидани муҳлати ним солро интизор шавад.
Аммо чунин маҳдудият на се моҳ, балки шаш моҳ амал мекунад. Ғайр аз ин, ба гуфтаи муҳоҷирон, ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо дуруст буданд.
Ҳамчунин маҳдудияти се моҳро танҳо барои мардон гуфта, занонро бидуни монеъа иҷоза медоданд, ҳарчанд қонунҳо наметавонанд интихобан аз рӯи ҷинс истифода бурда шаванд.
Ба ин тариқ, “Азия-Плюс” асоси қонунии роҳ надодани муҳоҷиронро ба муддати се моҳ дарёфт накард.
Агар муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои иҷозаи будубош надошта бошанд, чӣ қадар вақт метавонанд дар Русия қарор дошта бошанд? Бори дигар ба шумо хотиррасон мекунем.
Агар шумо патент, шартномаи меҳнатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозаи будубош надошта бошед, чӣ қадар вақт дар Русия ҳузур дошта метавонед?
Дар ин ҳолатҳо маҳдудияти будубош то 90 рӯз дар ним сол амал мекунад. Лекин айни замон лоиҳаи қонуне баррасӣ мешавад, ки ин муҳлати маҳдудият то 90 рӯз дар як сол зиёд карда мешавад.
Қонуни мазкур ҳоло қабул нашудааст, лекин дар фурсати наздиктарин варианти ниҳоии он баррасӣ хоҳад шуд.
Ин маҳдудият доимо амал мекунад?
Не. Маҳдудияти 90 рӯз бекор мешавад, агар шумо ҳуҷҷатҳоеро, ки муҳлати ҳузури шуморо дар Русия дароз мекунанд, пешниҳод намоед.
Масалан, агар Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), патент гирифта бошед ё шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонед.
Агар аз Русия хориҷ шуда, дарҳол бозпас ворид гардед, муҳлат бекор мешавад?
Аз рӯи қонун ин хел рафтор кардан мумкин нест. Лекин бисёре аз муҳоҷирон осонакак ин талаботро ба инобат нагирифта, то нуқтаи наздиктарин сарҳадӣ мерасиданд ва сипас дарҳол бозпас бармегаштанд. Аммо имрӯз хадамоти муҳоҷират дигар иҷоза намедиҳанд, ки чунин рафтор кунед.
Ба ин тариқ, агар шумо дар Русия 90 рӯз қарор дошта, сипас берун рафтед ва дарҳол бозпас барнагаштед, ин муҳлат бекор намешавад. Барои шумо 90 шабонарӯзи нав оғоз намегардад. Аз замони Русияро тарк кардани шумо бояд 180 рӯз (ним сол) гузарад.
Чӣ гуна метавон ин 90 рӯзро дуруст ҳисоб кард?
Пас аз рӯзи аввали вуруд тариқи гузаргоҳи сарҳадӣ ҳисоби 180 рӯз (6 моҳ) оғоз мешавад.
- Дар назар дошта бошед, ки ин муҳлат метавонад то як сол дароз карда шавад;
- Дар давоми ин 180 шабонарӯз шумо метавонед дар маҷмӯъ танҳо 90 рӯз ҳузур дошта бошед;
- Ин маънои онро надорад, ки муҳлат бояд бетанаффус бошад, сарҳадро метавонед чи қадаре, ки хоҳед, бигузаред.
Баъди ба охир расидани давраи 90-рӯза, шаҳрванди хориҷӣ бояд Русияро тарк кунад. Барои бозпас баргаштан, шурӯъ аз санаи вуруди аввал то замони анҷоми нимсола (шурӯъ аз санаи вуруди якум) ва танҳо пас аз ин метавон 90 рӯзи навро дар нимсолаи минбаъда истифода бурд.
Ин маҳдудият амал намекунад, агар шумо ҳуҷҷатҳо барои иҷозаи будубош дар Русияро дошта бошед, масалан патент, шартгномаи меҳнатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ва ғайра.
Чӣ хел ҳисоб кардан мумкин аст, ки ман дар Русия чанд шабонарӯз ҳузур доштам?
Траиқ муҳр (штамп) дар бораи гузаштани сарҳад дар шиносномаи хориҷӣ муҳлати ҳузур дар Русияро муайян кардан мумкин аст.
Чӣ мешавад, агар ман ин қоидаро риоя накунам (вайрон кунам)?
Агар шаҳрвандони хориҷӣ аз муҳлати иҷозашуда зиёдтар дар Русия монанд, онҳо меъёрҳои қонунгузории Русияро вайрон мекунанд.
Шуморо ҷарима ва инчунин ихроҷи маъмурӣ интизор аст, ки дар натиҷа ба манъи муваққатии вуруд ба Русия боис мегардад.