Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавонавардии Русия хост, дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд.
Қаблан мусофирон шикоят доштанд, ки ширкатҳои ҳавонавардии Русия ҳангоми парвоз ба онҳо танҳо об медиҳанд, аммо хӯроки гарм намедиҳанд.
Ин ниҳод дар сомонааш навишт, бо дархости онҳо аз рӯзи 1-уми ноябр ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, “ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Руся ва баръакс дар дохили ҳавопаймо ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.
“Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1-уми ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд”, - омадааст дар хабари Оҷонсии ҳавонавардӣ.
То ҳол мушаххас нест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ба вижа ширкатҳои русӣ ин дархости Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистонро иҷро кардаанд, ё не. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дастур додааст, ки иҷрои ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Бояд гуфт, ин дуюмин огоҳии Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавонавардии Русия аст. Ин ниҳод моҳи июни соли ҷорӣ низ аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хоста буд, ба мусофирон хӯрок диҳанд. Ҳабибулло Назарзода, директори ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, дар сурати иҷро нашудани дархосташон нисбати ширкатҳои ҳавопаймоӣ чора меандешанд.
Аммо Радиои Озодӣ менависад, ки баъди нашри ин хабар корбарони расона дар шарҳи он гуфтаанд, ширкатҳои русӣ мисли гузашта ба мусофирон ғизо намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳангоми беш аз 3,5 соат давом ёфтани парвоз ҳатман ба мусофирон хӯрок медиҳанд.
Бояд гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз қабили “Азур Эйр”, “Северний ветер”, “S7 Airlines”, “Уралские авиалинии”, “Ют Айр” ва “Ямал” аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.
Соли 2021 ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия низ ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта буд.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста