Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта, то ин дам ба Маскав ду парвоз анҷом дод.
Шумори парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Русия зиёд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.
Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 ба ширкати “Аэрофлот” барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза дод. Ширкат то ин дам аллакай рӯзҳои 22 ва 23 июн бо самти Душанбе-Шереметево ду парвоз иҷро кард”, - изҳор доштанд дар Агентӣ.
Ҳамчунин дар Агентӣ зикр карданд, ки пас аз анҷоми ду парвоз ҳоло ширкат бо дархости иҷрои парвозҳои дигар муроҷиат накардааст.
“Агар “Аэрофлот” бо дархости иҷрои парвозҳо муроҷиат кунад, бемамониат иҷоза мегирад”, - гуфтанд дар Агентӣ.
Тибқи маълумоти Агентии авиатсияи граждании кишвар, айни замон аз Тоҷикистон ба 33 шаҳри Русия парвозҳо анҷом дода мешаванд. Парвозҳои доимӣ танҳо аз Душанбе ба Маскав сурат мегиранд.
То “Аэрофлот” дигар ширкатҳои ҳвопаймоии Русия - «Азур Эйр», «Северный ветер», S7 Airlines, «Уральские авиалинии», Utair ва «Ямал» аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ нархи ниҳоии билетҳои ҳавопаймоиро дар сатҳи на бештар аз 500 доллар муқаррар кард.
Он замон аз шаҳрвандон дархост шуда буд, ки дар сурати аз нархи 500 доллар зиёдтар фурӯхта шудани билетҳо, дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ба телефони боварии 236-53-34 муроҷиат кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста