ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 АПРЕЛ
Соли 2010 – Ҳукумати Тоҷикистон Хазинаи байналмилалии асъорро (ХБА) огоҳ намуд, ки таблиғоти расмии марбут ба сохтмони НБО “Роғун” қатъ карда шудааст.
Соли 2011 - Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор, писари Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешинро оғоз кард. Ӯ ба ришвахорӣ ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ гумонбар буд.
Соли 2017 – Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ба мансабдорон барои пинҳон кардани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима муқаррар гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1907 – Мавлуди Шарифҷон Ҳусейнзода, адабиётшинос, мунаққид ва профессори тоҷик.

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода яке аз чеҳраҳои таъсиргузори илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик аст. Ӯ дар мақолаҳояш, аз ҷумла “Дар бораи муҳимтарин масъалаҳои танқиди адабӣ” ва “Дар ҷустуҷӯи маҳорат” ба зарурати тафаккури амиқ ва тавъамии тафаккуру образ дар эҷодиёти бадеӣ таъкид кардааст.
Солҳои 1947-1948 директори Пахӯҳишгоҳи забон, адабиёт, таърих ва бостоншиносии бунёди тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, пас аз он то соли 1958 мудири бахши адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Ҳусейнзода яке аз поягузорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ имрӯза) буда, баъди таъсиси он ба ҳайси мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба кор омад. Маҳз дар ҳамин даргоҳ ба ҳайси забондону суханшиноси мумтоз ва муаллими асили тоҷик эътибор пайдо кард.
Ӯ муаллифи рисолаҳои арзишманд дар бораи адибони классик, аз ҷумла “Сухансарои Панҷруд”, “Ҷалол Икромӣ” ва таҳиягари нашрҳои муҳими осори Навоӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Ибни Сино мебошад. Ҳусейнзода ҳамчунин дар таҳияи китобҳои дарсии адабиёт саҳми бузург гузоштааст.
Ӯ соли 1988 дар синни 81 солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1912 – Зодрӯзи Баҳодур Искандаров, олим, таърихшиноси тоҷик.

Ӯ соли 1936 Институти таърих, фалсафа ва забоншиносии Ленинградро хатм карда, то соли 1940 ба ҳайси муаллим дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолият кард.
Соли 1941 дар қатори ҳазорон нафар ба хизмати аскарӣ даъват шуда, то соли 1947 бо ширкат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати аскарӣ будааст.
Баъди бозгашт аз соли 1950 то соли 1962 корманди илмӣ ва аз соли 1962 директори Институти таърих буд.
Баҳодур Искадаров муаллифи қариб 100 асари илмӣ буда, яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Таърихи халқи тоҷик” аст.
Вай соли 2004 дар синни 92-солагӣ аз олам рахти сафар баст.
Соли 1935 – Мавлуди Ибодулло Файзуллоев, нависанда, рӯзноманигор.
Соли 1961 – Мавлуди Савригул Қурбонова, раққоса ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Савригул Қурбонова, ки дар баробари ҳунарнамоӣ ба ҳайси раққоса ба ҳунарпешагӣ низ саҳм гирифтааст, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолиятро соли 1978 ба унвони раққосаи ансамбли “Зебо” оғоз бахшидааст.
Солҳои 1981-1985 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1985-2000 сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии “Лола”, солҳои 2000-2003 роҳбари бадеии ансамбли “Сомон” будааст.
Савригул Қурбонова аз 15 солагӣ дар филмҳо нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои “Агар дӯст дорӣ…”, “Хоҷа Насриддин”, “Муҷассамаи ишқ”, “Худкуш”, “Бигзор ҳамаи ин хоб бошад” ва дар студияи “Ленфилм” чанд нақши марказиро бозидааст.
Соли 1969 – Зодрӯзи Муҳаммад Эгамзод, рӯзноманигор.
Соли 1972 – Мавлуди Бахтиёр Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба нахустин парвози инсон ба фазо – Юрий Гагарин бахшида шудааст.

12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин, кайҳоннаварди шӯравӣ аввалин инсоне гардид, ки бо киштии кайҳонии “Восток-1” ба мадори Замин баромад. Ин парвоз танҳо 108 дақиқа давом кард, вале он барои тамоми башарият марҳилаи нави рушди илму техника ва умеди нави фатҳи кайҳонро оғоз бахшид.
Соли 1962 бо қарори Иттиҳоди Шӯравӣ 12 апрел расман ҳамчун Рӯзи кайҳоннавардон эълон шуд. Баъдан, дар соли 2011, Созмони Милали Муттаҳид 12 апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон (International Day of Human Space Flight) эътироф кард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста