Ҷудокорзани 19-солаи тоҷик Виктория Киселёва дар мусобиқаи бузурги қораи Осиё - Hong Kong Asian Open-2024 ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Осиё-2024 129 варзишгар аз 13 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 2 нафар ҷудокорзан - Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд.

Ин мусобиқа марҳилаи муҳим барои варзишгарон дар роҳ ёфтан ба зинаҳои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ва соҳиб шудан ба имтиёзҳо дар радабадии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин мусобиқа ба варзишгарзанон ҷиҳати нишон додани маҳорату малака ва таҷриба дар арсаи байнулмилалӣ имкони хуб дод.

Виктория дар рақобати аввал ҳарифаш аз Ҳиндустон, дар қувваозмоии дуюм - намояндаи Чин ва дар рақобати финалӣ - варзишгарзан аз Кореяро мағлуб кард.

Сурат: IJF

Қобили зикр аст, ки ин аввалин медали тилло миёни занон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар чунин сатҳ аст.

«Ҷудокорзани тоҷик Виктория Киселёва бо сатҳи баланди омодагӣ ва неруи қавӣ ва эътимод ба худ бар рақибонаш ғолиб омада, зинаи аввалро касб кард», — шарҳ дод пирӯзии шогирди худро клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф».

Виктория Киселева
Сурат: IJF

«Мо бо ифтихор варзишгари боистеъдоди худ Виктория Киселёваро, ки бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик медали тиллои Ҷоми Осиёро ба даст овард, табрик мегӯем!

Виктория омодагии хуб нишон дода, бо эътимод ба худ рақибонашро мағлуб ва дар финал бо устуворӣ ва маҳорати баланд варзишгар аз Кореяро шикаст дод. Ин дастоварди бузург барои ҷудои Тоҷикистон миёни занон ва намунаи илҳомбахш барои варзишгардухтарони ҷавони мост!» — зикр кард таассуроти худро муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.