Дар 140 мактаби шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз 1 сентябр низоми баҳогузории 10-хола (балла) ба хонандагон мавриди озмоиш қарор гирифт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Аз шумори умумии мактабҳое, ки дар онҳо чунин низом ҷорӣ шуд, 15-тоаш дар пойтахт мебошанд.

“Аз рӯи натиҷаҳои соли хониши ҷорӣ вазорат самаранокии низоми навро муайян карда, дар бораи сартосарӣ ҷорӣ намудан ё баръакс, бекор шудани он тасмим мегирад”, - гуфтанд дар Вазорат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки низоми баҳогузории 10-хола ба меъёрҳои байнулмилалӣ мувофиқ буда, қисмате аз ислоҳот дар низоми маорифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

“Вазорати маориф, сохторҳои он, инчунин олимону коршиносон ва омӯзгорон гузаштан ба низоми баҳогузории 10-холаро дар муқоиса бо низоми мавҷуда мувофиқи мақсад медонанд. Низоми мавҷуда имконот барои баҳогузорӣ ва ҳавасмандсозии толибилмонро пурра инъикос намекунад”, - таъкид доштанд дар Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми озмоиш бар асоси натиҷаҳои он ва пешниҳодҳо, Вазорат санади меъёрӣ дар бораи низоми баҳогузории 10-холаро ба дониш ва маҳорату малакаи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таҳия мекунад.

Тибқи низоми нав баҳоргузорӣ чӣ гуна мешавад?

Мувофиқи низоми нав, баҳогузорӣ тариқи зайл сурат мегирад:

10-9 балл – «аъло»;

8-6 балл – «хуб»;

5-3 балл– «қаноатбахш»;

2 ва 1 балл – «ғайриқаноатбахш».

Мушаххасан ин чунин маъно дорад:

Дар баҳои 1 (хеле сатҳӣ) ва 2 (сатҳӣ) дониш сатҳӣ арзёбӣ мешавад.

Баҳои 3 (қаноатбахш) ва 4 (хеле қаноатбахш) нишон медиҳанд, ки хонандагон маводро дар хотир дошта, онро бешуурона такрор мекунанд.

Хонандае, ки аз фан баҳои 5 (кофӣ) ва 6 (хуб) мегирад, нуктахои асосии маводро хуб азхуд кардааст.

Баҳои 7 (хеле хуб) ва 8 (қариб аъло) ба 5 аз рӯи ҷадвали 5-хола мувофиқат мекунанд ва нишон медиҳанд, ки хонандагон маводро пурра азхуд кардаанд.

Ва баҳоҳои ниҳоии - 9 (аъло) ва 10 (олӣ) аз муносибати эҷодии ғайримеъёрӣ дар истифодаи донишҳои гирифта шаҳодат медиҳанд.

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар ҷараёни ҷорисозии низоми 10-баллаи баҳогузорӣ бо волидон ва хонандагон корҳои шарҳу фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Мутобиқи дастурҳои методӣ, баҳо дар шакли рақам (1-10) гузошта шуда, дар табелу журналҳо чунин дарҷ меёбад: 10 (олӣ), 9 (аъло), 8 (қариб аъло), 7 (хеле хуб), 6 (хуб), 5 (кофӣ), 4 (хеле қаноатбахш), 3 (қаноатбахш), 2 (сатҳӣ), 1 (хеле сатҳӣ).

Қобили зикр аст, ки дар синфи 1-ум ба донишҳои хонандагон баҳо гузошта намешавад. Дар синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 2-4) баҳо аз рӯйи фанҳои таълимӣ дар асоси меъёрҳои дар боло зикршуда гузошта мешавад.

Низоми 10-балла баҳогузории воқеӣ ба дониши хонандаро нишон медиҳад

Қаблан зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” омӯзгор Саодат Раҳматова, ки беш аз 20 сол дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ кор кардааст, изҳор намуд, ки ба зарурати қабули низоми васеътари баҳодиҳӣ чунин далел гувоҳ буда метавонад, ки аксари омӯзгорон то ҳол аз чунин баҳогузорӣ, ба мисли 3+, ё 4-, 5+ истифода мебаранд.


“Чунин баҳодиҳии «нимарасмӣ» аксар вақт барои он истифода мешавад, ки ҷадвали 5-хола на ҳама вақт ба баҳодиҳии воқеии дониши мактабхон имкон медиҳад. Дар баробари ин дар варақаҳои ҷамъбастӣ ҷамъ (+) ё тарҳ(-) дарҷ намегардад”, - иброз дошта буд Саодат Раҳматова.

Ба ақидаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд волидайн ва омӯзгорон дар оғоз низоми навро бидуни руҳбаландӣ ва шавқу ҳавас қабул хоҳанд кард.

«Ин маъмулист. Тақрибан 100 сол аст, ки мактабҳои Тоҷикистон низоми 5-хола доранд. Ин ҳам ба падару модарон ва ҳам ба талабагон шиносу фаҳмост. Кӯдаке, ки дар мактаб хуб таҳсил мекунад, мунтазам баҳои хуби ниҳоӣ мегирад, ки ин, албатта, ба худбаҳодиҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Ва дар аввал бисёриҳо намехоҳанд, ки усули қаблан муқарраршуда ва шиносро тағйир диҳанд”, - чунин мешуморад Раҳматова.

Ба ақидаи муаллифони лоиҳа, дар низоми 5-хола имкони баҳодиҳӣ ба пешрафти хонанда вуҷуд надорад, масалан, кӯшишҳои духон, ки барои беҳтар кардани натиҷаҳои худ кӯшиш мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ нишон дода намешаванд, ҳатто агар шумораи хатогиҳо ҳангоми иҷрои супоришҳо назар ба муқаррарӣ камтар бошад Мактабхон ба таври маъмулӣ ду хол гирифта,  хатари пурра аз байн рафтани ҳавасмандиаш ба вуҷуд меояд.

Тавре ки коршиносон зикр мекунанд, бартарии возеҳи низоми 10-хола таснифи амиқтар дар арзёбии дониши хонандагон мебошад.

Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён дар ин робита ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки пеш аз тасмим гирифтан дар бораи ҷорисозии низоми 10-хола мутахассисон корҳои зиёдеро анҷом дода, таҷрибаи мусбати кишварҳои дигарро омӯхтанд.

“Дар ҷаҳон низомҳои гуногуни баҳодиҳии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст, ҳатто то 100 хол. Таҷрибаи бисёр кишварҳоро омӯхта, ба хулосае расидем, ки барои ҷумҳурии мо низоми 10-хола, ки дар кишварҳое аз қабили Нидерланд, Латвия, Литва, Беларус, Исландия, Испания, Италия ва ғайра истифода мешавад, бештар қобили қабул аст”, - шарҳ дода буд олим.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии мактаб додани дониш ва омӯзонидани истифодаи он буда, низоми 10-хола имкон медиҳад, ки сатҳи дониш дақиқтар арзёбӣ шавад.

“Низоми 10-хола имкон медиҳад, ки сатҳи дониш дақиқтар арзёбӣ шавад. Муҳим он аст, ки дар низоми нав фосилаи ногувор байни талабагони духон ва аълохон аз байн бурда мешавад. Равшан аст, ки низоми 10-хола аз уҳдаи иҷрои вазифаи омӯзгории мактаб, яъне ҳавасмандсозии хонандагон хубтар мебарояд. Албатта, баҳоҳо муҳиманд, аммо нигоҳ доштани эътимод ба худ дар кӯдакон ва хоҳиши омӯхтани чизҳои нав муҳимтар аст”, - зикр карда буд ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.