Дилором Ҷалилова, омӯзгори фанни биологияи мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омӯзгори беҳтарини соли 2024 дониста шуд.
Тавре Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ медиҳад, ӯ дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” ғолиб дониста шуда, бо 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Маросими ҷамъбастии озмуни мазкур 28-уми сентябр дар бинои Вазорати маориф ва илм бо иштироки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар доир шуда, ғолиб ва иштирокчиёни фаъол эълон шуданд.
Аз ҷумла, Беҳрӯз Мамаднасимов ва Наргис Ширматова, омӯзгорон ва ширкаткунандагони фаъоли озмун бо нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон", Зебунисо Қосимова ва Гулнора Сулейманова, иштирокчиёни фаъоли озмун бо "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илми кишвар ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Ёдрас мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф оғоз гардида буд.
Дар даври ниҳоӣ 5 омӯзгор аз манотиқи гуногуни кишвар ширкат карда, аз рӯйи ҳафт шарт – муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат карданд.
Озмуни “Омӯзгори сол” дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор ва дар арафаи Иди омӯзгорон ҷамъбаст мешавад. Соле пеш Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ин ҷоизаро соҳиб гашта буд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пешини Душанбе чанд бор ба ғолибони “Мактаби сол”-у “Омӯзгори сол” хона тақдим шуда буд.