Дар Душанбе бори нахуст дар кишвар ба 2 кӯдаки то синни 10-сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дастҳои намунаи нав рӯзи 1 октябр дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе гузошта шуданд.

Сурат аз торнамои Вазорати тандурустии ҶТ

Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо ширкати “Моторика” бо миёнаравии намояндагии савдои Русия, ки вохӯрӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистонро барои баррасии истифодаи протезҳои инноватсионӣ барои беморон роҳандозӣ намуд, сурат гирифт.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар, ки ба протез мондан дар дастҳяошон ниёз доранд, ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, давоми 3 рӯз дар “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе семинар-машварати корию амалӣ зимни таъминоти маъюбон бо намунаҳои нави технологӣ, аз ҷумла протезҳои дастҳои намуди бионикӣ баргузор шуд.

Ин ҳамкорӣ пас аз байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидани ёддошт дар бораи рушди индустрияи барқарорсозӣ моҳи марти соли 2023 имконпазир гардид.

Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маросими муаррифии кору маҳсулот ва хидматрасониҳои ширкати “Моторика” доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.