Ҳавои пойтахти Тоҷикистон яке аз ифлостаринҳо дар минтақа эътироф шудааст. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои майдаи "PM2.5" дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2020 то 2022 ба 54,6 микрограмм дар як метри мукааб расидааст, ки 11 маротиба аз меъёри тавсиявии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) бештар аст.

"Дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ сатҳи баланди доимии ифлосшавии ҳаво мушоҳида мешаванд. Дар Душанбе консентратсияи "PM2.5" пайваста аз ҳадди меъёрҳои санитарӣ, махсусан дар фасли сармо зиёд аст ", — омадааст дар гузориш.

 

Ҳавои Душанберо киҳо ифлос мекунанд?

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, қисми асосии ифлосшавии ҳаво дар Душанбе (42%) ба сӯзондани ҳезум ва ангишт  дар хонаҳои шахсӣ, ки ба системаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст нестанд, вобаста мебошад.

Ин мушкил бахусус дар минтақаҳои атрофи шаҳр шадидтар эҳсос мешавад, ки аксаран дар он ҷо таъминот бо газ вуҷуд надошта, дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии энергия маҳдуд аст.

Сурат: Asia-Plus

Нақлиёти автомобилӣ манбаи дуюми муҳими ифлосшавӣ аст. Он тақрибан 15% партовҳои "PM2.5"-ро ташкил медиҳад. Зарари асосиро мошинҳои дизелии кӯҳна мерасонанд, ки аксаран аз хориҷа ворид шуда, ба меъёрҳои муосири партов ҷавобгӯ нестанд.

Ҳамчунин, 12% ифлосшавӣ ба сӯзондани партовҳо марбут аст. Ошкоро сӯзондани партовҳо дар он минтақаҳое, ки ба хидматрасонии мунтазами партовҳои сахти маишӣ фаро гирифта нашудаанд, амали паҳншуда боқӣ мемонад.

Қисми боқимондаи 25% ифлосшавии ҳаво дар Душанбе ба чангу ғубор рост меояд, аз ҷумла ҷараёнҳои регу ғубор аз заминҳои танззулёфта, инчунин минтақаҳои ҳифзнашудаи сохтмон ва канораҳои роҳ.

 

Сарчашмаи ифлосшавӣ аз куҷост?

Дар гузориш ба ифлосшавии фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Тибқи арзёбиҳо, 53% ҳамаи моддаҳои ифлоскунандаи шаҳри Душанбе берун аз он шакл мегиранд, аммо боз 17% аз берун тавассути ҷараёнҳои атмосферӣ аз кишварҳо ва минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ ворид мешаванд.

Сурат: Asia-Plus

Ин хусусан ба нуқтаи марказии буриши сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хос буда, дар он ҷо ҷараёнҳои шадиди чангу ғубор ва ифлосшавӣ, ки тавассути ҳаво масофаҳои дурро мепаймоянд, пайваста сабт мешаванд.

"Душанбе ба партовҳои фаромарзӣ, ки бо тӯфонҳои чанголуд, таназзул (шусташавӣ)-и хок ва зичии баланди сохтмон алоқаманданд, хусусан осебпазир аст. Ин ҳалли мушкил ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам минтақавиро талаб мекунад", — омадааст дар таҳқиқот.

 

Сенарияи то соли 2040. Ду роҳ барои Душанбе

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ пешбинии рушди вазъи сифати ҳаво дар Душанбе то соли 2040 пешниҳод шудааст, ки бар асоси моделсозии ду сенария — инерсионӣ (асосӣ) ва хушбинкунада ё худ оптимистӣ (сенарияи "ҳавои тоза") таҳия гардидааст. Ин сенарияҳо ба арзёбии ҳам беамалӣ ва ҳам ҷорисозии фаъолонаи сиёсати экологӣ имкон медиҳанд.

Агар тамоюли кунунӣ бидуни тағйироти ҷиддӣ дар инфрасохтор, энергетика ва нақлиёт идома ёбад, консентратсияи миёнаи солонаи "PM2.5" дар Душанбе дар сатҳи 53–55 мкг/м³ боқӣ хоҳад монд.

Ин маънои идомаи хавфи баланд ба солимӣ, хусусан миёни гурӯҳҳои осебпазир — кӯдакону пиронсолон ва шахсони дорои бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва системаи дилу рагро дорад.

"Дар сенарияи асосӣ шумораи фавтҳои бармаҳал, ки бо бемориҳои марбут ба ифлосшавии ҳаво алоқаманданд, ҳамчунин хароҷоти низоми тандурустӣ ва зарари иқтисодӣ низ ҳамоно афзоиш меёбад", — гуфта мешавад дар гузориш.

Илова бар ин, дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии тӯфонҳои чангу ғубор, вазъ метавонад боз ҳам бадтар гардад. Саҳми ифлосшавии фаромарзӣ зиёд шуда, сифати муҳити шаҳрӣ коҳиш меёбад ва талафоти қобилияти меҳнатӣ меафзояд.

Сурат: Asia-Plus

 

Сенарияи "Ҳавои тоза". Роҳ ба сӯйи солимӣ

Дар ҳолати татбиқи маҷмӯи чораҳо барои коҳиши партовҳо, аз ҷумла гузариш ба газ ё нерӯи барқ дар гармидиҳии хусусӣ, навсозии нақлиёт ва манъи сӯзондани партовҳо, то соли 2040 метавон ба пешрафти назаррас ноил гардид. Тибқи ҳисобҳо, сатҳи миёнаи солонаи PM2.5 метавонад то 23–25 мкг/м³ поин бурда шавад, ки тақрибан ду маротиба камтар аз нишондиҳандаҳои кунунӣ мебошад.

Ин сенария имкон медиҳад, ки маргумири бармаҳал 45% коҳиш ёбад, ҳамчунин ҳолати умумии солимии аҳолӣ беҳтар гардад, сатҳи бистарӣ кардан дар беморхонаҳо поин равад ва нишондиҳандаҳои иқтисодии шаҳр рушд кунанд.

"Гузариш ба сенарияи “Ҳавои тоза” тарҳрезии стратегии дурандешона, сармоягузориҳои устувор ва ҳамоҳангии фаъол миёни идораҳоро талаб мекунад. Аммо фоидаҳо бисёрсатҳа хоҳанд буд: аз беҳтар шудани саломатӣ то болоравии ҷаззобияти шаҳр барои сармоягузорон ва сайёҳон", — зикр мекунанд муаллифони таҳқиқот.

Ин сенария ҳамчунин таҳкими системаҳои мониторинг, мутобиқсозии меъёрҳо бо тавсияҳои СҶТ ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо ифлосшавии фаромарзиро дар бар мегирад.

 

Ҳавои Душаберо чӣ гуна метавон беҳтар кард Тавсияҳои коршиносон

Мувофиқи гузориш, барои ҳалли ин масъала равиши маҷмӯавӣ зарур аст, ки бояд сиёсат дар соҳаи нақлиёт, манзил, фаъолияти сохтмонӣ, пайгирӣ (мониторинг) ва иштироки ҷомеаро фаро гирад.

 

Нақлиёт

Ба сифати яке аз чораҳои калидӣ қатъ кардани воридоти воситаҳои нақлиёт, мисли "Евро-2" ва поинтар пешниҳод мешавад, ки ба стандартҳои экологӣ ҷавобгӯ  нестанд.

Сурат: Asia-Plus

Барои иваз кардани парки кӯҳнаи мошинҳо, таблиғу пешбурди нақлиёти барқӣ ва мошинҳои гибридӣ, ҳамчунин рушди нақлиёти ҷамъиятӣ бо афзалият додан ба автобусҳое, ки бо газ ва нерӯи барқ фаъолият мекунанд, тавсия дода мешавад. Ин ба коҳиши партовҳои моддаҳои зараровар ва тозатар шудани ҳавои шаҳр мусоидат хоҳад кард.

 

Манзил ва гармидиҳӣ

Чораи дигари муҳим бо газ таъмин кардани минтақаҳои манзилӣ мебошад. Дар гузориш зарурати густариши инфрасохтори газ таъкид шудааст, махсусан дар он минтақаҳое, ки ангишт ва ҳезум то ҳол васеъ истифода мешаванд. Барои хонаводаҳои камбизоат кумакпулӣ (субсидияҳо) барои пайвастшавӣ ба шабакаи газ пешниҳод мегардад. Илова бар ин, самти муҳими дигар гарминигоҳдории биноҳост, ки боиси коҳиши масрафи энергия ва кам кардани ҳаҷми сӯзиши сӯзишворӣ мегардад.

 

Сохтмон

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки назорат аз болои корҳои сохтмонӣ шадидтар карда шавад. Насби пардаҳои ҳифзкунандаи чангу ғубор дар майдонҳои сохтмон бояд ҳатмӣ гардад.

Ҳамчунин лозим аст, ки минтақаҳои ғайриасфалтӣ обпошӣ ва пӯшонда шаванд, то ки ифлосшавии ҳаво бо чангу ғубор, махсусан дар мавсими хушксолӣ пешгирӣ гардад.

 

Мониторинги ҳаво

Ташкили системаи мустақили мониторинги сифати ҳаво бо дастрасии озод ба маълумот яке аз афзалиятҳои дигар аст. Чунин маълумот қабули қарорҳои асоснокро осон ва назорати ҷамъиятиро таъмин менамояд.

Истифодаи маълумоти моҳворавӣ метавонад пойгоҳҳои заминиро пурра намуда, тасвири мукаммалтари сатҳи ифлосшавиро фароҳам созад.

Сурат: Asia-Plus

 

Маориф ва иштироки ҷомеа

Унсури муҳими стратегия огоҳонии аҳолӣ мебошад. Пешниҳод мешавад, ки маъракаҳои оммавӣ роҳандозӣ шаванд, ки дар бораи зарари ҳавои ифлос ва роҳҳои коҳиши хавф дар шароити рӯзгор маълумот медиҳанд.

Таблиғи амалҳои экологӣ, ба мисли кам кардани сӯзондани партовҳо ва интихоби таҷҳизоти каммасрафи энергетикӣ, бояд ба як бахши барномаи шаҳрӣ табдил ёбад.

Чунин чораҳо, агар ба таври мукаммал амалӣ шаванд, метавонанд сифати ҳаворо дар Душанбе ба таври назаррас беҳтар намоянд ва шароити зиндагии сокинони шаҳрро мусоидтар гардонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.