Сарфи назар аз рӯйи даст гирифтани тадбирҳои назорату муҷозот дар Тоҷикистон то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо волидон намемонанд, кӯдаконашон таҳсил кунанд. Онҳоро ҷарима мекунанд, лекин баъзан оила бинобар сабаби надоштани пул, имкон надорад, ки фарзандашро ба мактаб фиристад. Сабаби дигар ҳам ҳаст - бархе аз волидони кӯҳнагаро бар ин назаранд, ки таълиму омӯзиш ва саводнокӣ муҳим нест.
Моҳи августи соли равон дар Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд, ки дар зарфи 6 моҳ дар ҷумҳурӣ 271 ҳолати монеъа шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксариятро барои ин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карданд. Мувофиқи моддаи 164 КҶ ҶТ, барои монеъ шудан ба фарзанд ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна дар ҳаҷми аз 1000 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда ба 75 сомонӣ баробар аст) ҷарима, корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҷазо барои монеъа гардидан ба таҳсил сангинтар шуд. То ин дам парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи маориф” тағйирот ворид намуда, таҳсил дар синфҳои 10-11-умро ҳатмӣ кард. Қаблан танҳо маълумоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва асосӣ (синфҳои 5-9) ҳатмӣ дониста шуда, хонандагон пас аз синфи 9-ум метавонистанд дигар таҳсил накунанд.
Ин ба он оварда мерасонид, ки дар ноҳияҳои дурдаст духтаронро пас аз сифни 9 ба шавҳар медоданд ва чунин ҳорлатҳо мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ қарор мегирифтанд. Акун волидон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсил дар синфҳои 9-10 масъулият доранд.
Шаҳр ва деҳот
Чунин қабул шудааст, ки гӯё дар деҳот кӯдаконро бештар дар таҳсил маҳдуд мекунанд, бахусус духтаронро. Аммо имрӯз вазъият каме дигаргун шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар солҳои хониши 2022/2023 таҳсили духтарон дар деҳот нисбат ба шаҳр, аз ҷумла пас аз синфи 9 зиёдтар аст.
Чаро кӯдакон ба мактаб намераванд?
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ Лариса Александрова, ин масъаларо мебояд ҳамаҷониба мавриди омӯзишу таҳлил қарор дод.
“Аз як тараф агар ин бо сабаби камбизоатӣ бошад, аз ҷониби дигар ин тақвияти тарбияи суннатии мардсолорӣ нисбат ба духтарон аст, ки тибқи он ба шавҳар баромадан муҳимтар аз таълиму омӯзиш аст. Аз ин рӯ, тадбирҳо барои дастгирии оилаҳои камбизоат дар муқобили ин анаъанаҳои суннатӣ натиҷа намедиҳанд”, - мегӯяд коршинос.
Ба ақидаи ӯ, ҳамчунин омӯзиши бештар киҳоро иҷоза надодан ба мактаб, яъне духтарон ё писаронро, аз кадом синнусол волидон чунин мешуморанд, ки кӯдакон минбаъд метавонанд таҳсил накунанд, муҳим аст.
“Бале аз лиҳози риояи ҳуқуқҳои инсон айб на танҳо ба дӯши волидон, балки ба давлат ҳам вогузор мегардад. Тоҷикистон дар соли 1999 Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро тасдиқ кард. Мутаносибан ба риояи он уҳдадор шуд”, - зикр кард Александрова.
Илова бар ин, дар моддаи 10-и ин аҳднома гуфта мешавад, давлат мувофиқи имкон бояд ба оила дар ҳимоя, бахусус нисбат ба кӯдакону наврасон кумаки васеъ пешниҳод созад.
Маҷбурӣ не, балки...
Мувофиқи Қонун дар бораи кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ду намуд ёрӣ расонида мешавад: маблағи пулӣ ва кумаки моддӣ, мегӯяд коршинос.
Ин кумак вобаста ба эҳтиёҷоти оилаҳои камбизоат ба сифати сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, пойафзолу сарулибос, воситаҳои беҳдошт ва гигиена, маҳсулоти зарурати аввалия, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ харида мешавад ё қисман пардохт шудани хитдматрасониҳои манзиливу коммуналӣ ва ғайра пешниҳод мегардад.
Сари масъалаи дигар, яъне чӣ гуна иҷро шудани ин қонун ва оё иҷро шудани он ба сурати умум сухан меравад.
“Ин ҷо ҳамчунин омӯзишу баргузори мониторинг низ зарур аст. Лекин мониторингро бе пинҳон сохтани мушкилиҳо аз рӯйи инсоф ва шаффоф гузаронидан ва равишеро пеш гирифтан лозим аст, ки онҳо ҳал шаванд. Чӣ қадаре, ки мақомот камбудиҳои иҷрои қонунҳо, нақзи ҳуқуқҳоро пинҳон мекунанд, ҳамон қадар мушкил ҳалношуда боқӣ мемонад, бо як маҷбур сохтану муҷозоти волидон он ҳаллу фасл намешавад”, - таъкид месозад Лариса Александрова.
Ҳомии ҳуқуқ мутмаин аст, ки равиши ҳамаҷониба, аз ҷумла таҳияи стратегияи иртиботи гендерӣ, ки аҳолӣ ва сохторҳои давлатиро фаро гирад, зарур аст. Ин стратегия бояд қолабҳои манфӣ дар бораи нақши мардон ва занонро дар оила ва ҷомеа, тарбияи писарону духтарон ва ташаккули таҳаммулпазирии ҳадди камтарин ба хушунатро тағйир диҳад.
Имтиёзҳои иҷтимоӣ
Ба ақидаи ҷомеашинос Гулнора Бекназарова, сабабҳои аз ҷониби волидон ба мактаб намондани кӯдакон метавонад зиёд бошад. Ба сифати намуна коршинос аз як духтаре мисол овард, ки танҳо зинаи ибтидоии мактабро хатм кардааст.
“Модаркалонаш ба падари ӯ мегӯяд, ки маълумоти расмӣ гирфтани духтар лозим нест, балки бояд ба шавҳар барояд, зеро худи ӯ ҳамагӣ якчанд сол дар мактаб таҳсил кардааст. Писараш гапи ӯро гирифта, фикр намекунад, ки дар замони мо нисбат ба 50-60 сол пеш надоштани маълумот оқибатҳои тамоман дигар ба бор меорад.
Модаркалон ба таҷрибаи худ такя кардааст, ҳаёти ӯ ва пайвастанаш ба ҷомеа дар замони шӯравӣ гузаштааст, замоне, ки маълумоти ҳадди ақалл имконоти заминавиро фароҳам оварда, ҷомеа ба тарзи дигар кор мекард”, - шарҳ медиҳад Бекназарова.
Лекин, зикр мекунад ӯ, надоштани маълумот маънои онро дорад, ки барои кори шоиста, дастрасӣ ба иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷомеи имкон камтар мешавад (ё он умуман намешавад).
“Ин ҷо мо мебинем, ки чӣ гуна “таҷрибаи пешина” метавонад дарки вазъияти имрӯзаро таҳриф созад. Ба фикрам, ин ҷо дигар чиз муҳим аст - оё маълумот арзиш дониста мешавад, оё барои шарҳи чӣ будани маълумот ва барои чӣ лозим будани он кори фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад? Агар дапвлат ва мактаб инро нафаҳмонанд, волидон ба қолабҳои пешин рӯ меоранд: “бизор беҳтараш ба шавҳар барояд” ё “бигзор кор кунад”, - мегӯяд коршинос.
Боз як ҷанбаи муҳим ба ақидаи Гулнора Бекназарова, чӣ гуна кор кардани имтиёзҳои иҷтимоӣ аст. Зери ин мафҳум механизмҳое фаҳмида мешаванд, ки ба инсон барои тағйир додани мақоми иҷтимоии худ аз ҳисоби таҳсил, кор, истеъдод ва дастовардҳои шахсӣ имкон медиҳанд ва дар замони шӯравӣ онҳо, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангу адабиёт ва синамо муваффақона амал мекарданд.
Аммо имрӯз вазъият дигар хел аст. Ва сабабҳо на танҳо дар сифати маълумот, балки иқтисоди заиф, дурнамоҳои начандон зиёди таъмин бо шуғл ва натанҳо инҳо ифода меёбанд. Ҳамаи ин самаранокии таҳсилро ҳамчун воситаи пешравӣ ба боло тибқи зинаҳои иҷтимоӣ коҳиш медиҳад.
“Чунин таҳсилу маълумот арзишашро дар чашми волидону кӯдакон кам мекунад. Эҳсосе пайдо мешавад, ки ҳатто гирифтани диплом низ зиндагии беҳтарро кафолат намедиҳад. Дар чунин ҳолат волидон метавонанд ба дигар стратегияҳо - издивоҷи барвақтӣ, шуғл бидуни маълумот ва такрори таҷрибаҳои маъмулии оилавӣ такя кунанд”, - шарҳ медиҳад ҷомеашинос.
Дар робита ба ҷанбаи гендерӣ бошад, имрӯз писарон ҳам наметавонанд маълумоти бояду шояд гиранд, бахусус дар оилаҳои даромадашон паст, ки дар онҳо кӯдакон маҷбуранд кор кунанд ё ба волидонашон ёрӣ расонанд, то ки таъмини рӯзгори оиларо дастгирӣ намоянд.

Ба чораҳои дастгирӣ тақвият мебояд бахшид
Ҷомеашинос ҳам бар ин назар аст, ки тарзу усули маҷбуркунӣ роҳи ҳал нест. Ба ақидаи коршинос, тақвияти тадбирҳои дастгирӣ, аз ҷумла барномаҳои таъмини ройгон бо либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, дастгирии таъмини мактабхонҳо бо наҳорӣ (хӯроки субҳ) бештар самараноканд.
Бекназарова зикр мекунад, ки мубориза бо ришвахорӣ дар мактабҳо низ муҳим аст.
“Азия-Плюс” талош варзид, ки аз мутахассисони Вазорати маориф дар бораи роҳҳи ҳалли мушкил шарҳи ҳирфаӣ (касбӣ) дарёфт намояд, лекин ин ҳоло ба мо муяссар нашуд. Вазорати мазкур ва ҳамаи дигар шахсони манфиатдорро ба муколама даъват мекунем.





