Чӣ гуна метавон ҷубронпулӣ гирифт ва маҷбурӣ аз хона кӯчонидан ё берун кардан чӣ маъно дорад? Ҳуқуқшиносони ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” муфассал шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

 

Пешниҳоди №1: метр барои метр

- Мо хонаи хусусигардонидашудаи сеҳуҷрагӣ бо масоҳати 54,5 метри мураббаъ дорем, дар он 4 кас дар қайд ҳастанд. Ба ивази ин хона ба мо бояд чанд метри мураббаъ манзил диҳанд?

- Дар вақти тахриб (кӯчонидан)-и хона ширкати сохтмонӣ бо соҳибмулки хонае, ки кӯчонида мешавад, дар бораи ҷубронпулӣ барои тахриби хона шартномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда мебандад. Дар шартнома пешниҳоди хонаи нави масоҳаташ на камтар аз манзили кӯчонидамешуда зикр мегардад.

 

Пешниҳоди №2: метрҳои зиёдатӣ

- Оё мо барои метрҳои мураббаъи барзиёд, ки ширкати бинокор пас аз имзои шартнома дар ҳамаи ҳуҷраҳо илова кардаасту он зиёд аст, аз ҷумла аз 5 то 20 метр, бояд маблағи иловагӣ пардохт кунем? Ин қонунӣ аст ё не? Масалан, дар шартнома он зикр нашудааст.

- Ҳаҷми метри мураббаъ аз масоҳати умумии хонаи пешниҳодмешуда дар шартнома дар бораи ҷуброни зарар барои бинои мавриди тахриб зикр мешавад. Ширкати бинокор бар ассоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пешакӣ аз масоҳати бинои навсохт огоҳ аст.

Агар ширкати бинокор дар шартнома ҷуброни пешниҳоди метрҳои мураббаъи иловагиро зикр накарда бошаду он ба масоҳати умумии хонаи пешниҳодгардида дохил шавад, пас онҳо ройгон ба ихтиёри соҳибмулки хонаи кӯчонидамешуда дода мешаванд.

Дар қисми 3 моддаи 172-и Кодекси мадании Тоҷикистон чунин зикр мешавад: “Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ё созишномаи тарафҳо, сукут ифодаи иродаи бастани аҳд дониста мешавад”.

Лекин барои дар байни тарафҳои шартнома ба вуҷуд наомадани баҳс, хубтар мешуд, агар дар шартнома банди ҷудогонае бошад, ки масъалаи мазкурро танзим намояд.

Тахриби хона, акс аз бойгонӣ
Акс аз Asia-Plus

 Пешниҳоди № 3: Ҷуброн барои ошёнаҳои баланд

- Агар ширкати бинокор ба ивази ошёнаи сеюми пешбинигардида, ки бояд дода шавад, масалан хонаро дар ошёнаи баландтар диҳад, пас бояд ҷуброн пардохт шавад?

- Шумо барои дар ошёнаи баланд додани хона метавонед изҳори норозигӣ кунед. Дар ин ҳолат шумо метавонед қисми 4 моддаи 483 Кодекси мадании Тоҷикистонро асос биёред: “Шартҳои шартнома бо салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мазмуни шартҳои дахлдор дар қонунгузорӣ зикр шудааст (моддаи 484-и ҳамин Кодекс).

Ҳамчунин, мутобиқи монанд ба қонун ва ҳуқуқҳо дар муносибатҳои манзилӣ, бар асоси қисми 3 моддаи 54 -и Кодекси манзили Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

“Манзилҳои истиқоматӣ ба маъюбон, пиронсолон, шахсони мубталои бемориҳои дилу рагҳои хунгузар ва дигар бемориҳои вазнин, бо хоҳиши онҳо дар ошёнаҳои поён ё дар хонаҳои лифтдор дода мешаванд”.

Барои розигии шумо ба гирифтани манзил дар ошёнаҳои болоӣ, бинокор ҳамчун ҷуброн дар доираи қобили қабул бояд шартҳои созишномаро қабул намуда, масоҳати манзили пешниҳодшавандаро дар ошёнаи болоӣ зиёд намояд.

 

Пешниҳоди №4: Вариантҳои хона

- Оё ширкати бинокор ба пешниҳоди вариантҳои интихоби хонаҳо уҳдадор аст?

- Шумо ҳуқуқи интихоб доред. Дар моддаи 8-и Кодекси мадании пешбинӣ шудааст, ки “шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои маданиашонро бо салоҳдиди худ амалӣ менамоянд”. Ҳамчунин дар моддаи 483-и Кодекси мадании Тоҷикистон чунин зикр мешавад:

“Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бастани шартнома озод мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома иҷозат дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки уҳдадории бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё уҳдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст”.

Дар моддаи 1-и Кодекси манзили Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки “ҳама гуна амал (беамалӣ), ки барои амалишавии ҳуқуқ ба манзил монеъ мегардад, манъ аст”.

Сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбе босуръат ҷараён дорад
Акс аз Asia-Plus

 

Пешниҳоди №5: Муайянкунии нарх

- Агар соҳибмулки хона дар биное, ки ба нақшаи тахриб афтодааст, ба арзёбии нархи метри мураббаъи хона, ки аз ҷониби КВД “Нархгузорӣ” гузаронида шудааст, розӣ набошад, ба фармоиши дубора муайян кардани нарх ҳуқуқ дорад? Расмиёти дубора нархгузорӣ чӣ гуна аст?

- Манзилатон моликияти шахсии шумост, ки шумо метавонед онро бо нархи бозор ё бо нархе, ки бо созиши тарафҳо муқаррар шудааст, бегона намоед (фурӯшед, ба ихтиёри каси дигар диҳед).

Бар асоси моддаи 1-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”, субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ аз як тараф шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки барои фаъолияти баҳодиҳӣ иҷозатнома доранд ва аз тарафи дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба сифати фармоишгар амал мекунанд.

Мувофиқи моддаи 11-и ҳамин қонун, асос барои гузаронидани баҳодиҳии объекти баҳодиҳӣ шартнома оид ба гузаронидани баҳодиҳии объекти баҳодиҳӣ мебошад, ки байни иҷрокунанда (баҳодиҳанда) ва фармоишгар ё намояндаи ваколатдори фармоишгар тибқи қонунгузории Тоҷикистон баста мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби шахсони манфиатдор, тибқи тартиботи қонунгузории Тоҷикистон аз болои натиҷаҳои баҳодиҳии иншоот метавонад шикоят бурда шавад. Ҷониби баҳодиҳанда ба фармоишгар бояд дар бораи баҳодиҳии объект ҳисобот пешниҳод намояд.

Дар ин ҳолат шумо ҳамчун шахси манфиатдор ба талаби пешниҳоди нусхаи ҳисоботи баҳодиҳӣ ба объекти худро, ки кӯчонида мешавад, ҳуқуқ доред. Агар шумо ба маблағи баҳодиҳии дар ҳисобот зикршуда розӣ набошед, пас ҳуқуқ доред, ки дар додгоҳ (суд) бекор кардани ҳисоботи баҳодиҳиро талаб кунед.

Ҳамзамон, шумо ҳуқуқ доред, ки ба муассисаи дигари баҳодиҳӣ муроҷиат кунед ва баргузории баҳодиҳии мустақили манзилатонро дархост намоед. Дар ин масъала ҳуқуқшиносони ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” метавонанд ба шумо ёрии ҳуқуқӣ расонанд.   

Пешниҳоди №6: Дар бораи шахсоне, ки ба қайд гузошта шудаанд

- Гирифтани хона ҳангоми тахриби бино: оё теъдоди шахсоне, ки ба қайд гузошта шудаанд, ба масоҳат (метри мураббаъ) таъсир мерасонад?

- Теъдоди шахсоне, ки ба қайд гузошта шудаанд, ба пешниҳоди ҷуброн барои тахриби бино таъсир намерасонад. Чунки шартнома дар бораи амвол вуҷуд дорад, ки дар он ҳуқуқи зисти аъзои оилаи соҳибмулк зикр нашуда ё вайрон ҳам карда намешавад.

Шаҳри Хуҷанд
Акси марбута аз торнамои commons.wikimedia.org

 

Пешниҳоди №7: Аз марказ ба канори шаҳр

- Дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам. Ба ман дар ҳамин мавзеъ хона медиҳанд ё ба канори шаҳр мефиристанд, масалан, шаҳраки Гипрозем ё Жилмассив?

- Албатта, шуморо метавонад ба қисмати дигари маҳаллаи аҳолинишин кӯчонанд, лекин танҳо бо розигии шумо ё агар шумо ҷубронпулиро барои тахриби манзилатон гирифта, худатон дар канораи шаҳр хона харед.

Мувофиқи моддаи 310-и Кодекси мадании Тоҷикистон:

Қатъи ҳуқуқи моликият ба ашёи ғайриманқул вобаста ба қарори мақомоти давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани ашёро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани қитъаи замин, ки дар он хона, сохтмони дигар ва дарахтзори молик ҷойгир шудаанд, танҳо тибқи ҳолат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун сурат гирифта, ба молик ашёи баробарарзиш дода мешавад ва дигар зиёни расида ба он ҷуброн мегардад ё тамоми зиёне, ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликият расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.

Дар дигар ҳолатҳои аз хона хезонидан ё ба дигар ҷой кӯчонидан баҳри халалдор накардани иншооти зерсохтори шумо ё поин нарафтани сатҳи зиндагиатон, уҳдадоранд, ки ба шумо дар қаламрави наздик ба биное, ки тахриб мешавад, хона диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.