Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) эълон кард, ки давоми 28 рӯз теъдоди нафарони ба COVID-19 гирифторшуда 63 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 17 август вебсайти расмии ин созмон иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти СУТ, аз 17 июл то 13 август, тақрибан 1,4 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба COVID-19 мубтало шудаанд. Аз ин теъдод 2 ҳазору 366 нафар фавтидаанд.
Дар маълумотномаи ҳафтаинаи эпидемиологии СУТ зикр мешавад, ки гузоришҳо дар бораи ҳолатҳои COVID-19 аллакай аз 104 давлат дастрас гардида, тибқи он афзоиши бештари беморӣ дар минтақаи ғарбии Уқёнуси Ором ба қайд гирифта шудааст - 97%. Дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар Аврупо, он коҳиш ёфтааст.
Миёни давлатҳо Ҷумҳурии Корея (1 миллиону 209 ҳазору 194 нафар), Австралия (30 миллиону 402 ҳазор нафар), Сингапур (18 ҳазору 806 нафар), Италия (18 ҳазору 419 нафар) ва Британияи Кабир (16 ҳазору 938 нафар) пешсаф ҳастанд.
Шумораи бештари фавтидагон дар Ҷумҳурии Корея (340 нафар), Австралия (201 нафар), Русия (182 нафар), Филиппин (162 нафар) ва Италия (159 нафар) ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст?
Тоҷикистон миёни давлатҳое, ки инг беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, нест. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар доданд. Ба гуфтаи сухангӯи матбуъот Эмомалӣ Мирзоев, феълан дар кишвари мо бемории COVID-19 вуҷуд надорад.
Айни замон дар ҷаҳон як омикрон-штами нави коронавируси EG.5 “Эрис”, ки 17 феврал кашф шуда буд, хеле зуд паҳн мешавад. Дар ин бора СУТ рӯзи 9 август хабар дод. Он дар 51 кишвари ҷаҳон муайян шудааст, аз ҷумла дар давлатҳоим Чин, ИМА, Британияи Кабир, инчунин дар кишварҳои Аврупо ва Осиё.
Дар Русия, ба гуфтаи РБК, ин шиддат ҳанӯз чандон зиёд нест, аммо Роспотребнадзор аз хатари бад шудани вазъи эпидемиологӣ ҳушдор медиҳад.