Президенти кунунии ИМА ба даъватҳои ҳамсафон гӯш дода, чаҳор моҳ пеш аз интихобот аз мубориза бо Доналд Трамп барои раҳбарии Амрико даст кашид. Хабар дар ин бора рӯзи 21 июл дар аккаунти ӯ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) нашр шуд.
Байден навишт, ки хидмат ба мардуми амрикоӣ ҳамчун президент барои ӯ шарафи бузург аст ва ният дошт дар интихобот иштирок кунад, аммо ба манфиати ҳизби худ ва кишвар бояд аз иштирок дар маъракаи интихоботӣ даст кашад ва то охири муҳлати ҳозираи худ ба иҷрои вазифаҳои президентӣ тамаркуз кунад.
Дар изҳороти худ президенти ИМА махсусан ба кору фаъолияти ноиби президент Камола Ҳарис, ки ӯро шарики фавқулода номид, изҳори миннатдорӣ кард.
«Аввалин қарори ман ҳамчун номзади ҳизб дар соли 2020 ин буд, ки Камола Ҳарисро ҳамчун ноиби президенти худ интихоб кунам. Ва ин беҳтарин тасмиме буд, ки ман гирифтам. Имрӯз мехоҳам номзадии Камоларо ба вазифаи номзади ҳизби мо дар ин сол комилан дастгирӣ ва тасдиқ кунам», - изҳор намуд Байден.
Номзади демократҳо расман дар анҷумани миллии ҳизб, ки бояд аз 19 то 22 август баргузор шавад, пешбарӣ хоҳад шуд.
Ҳафтаи оянда Байден бо муроҷиат ба мардум дар бораи қарори худ ва амалҳои минбаъда ба таври муфассал суханронӣ хоҳад кард.
Кормандони баландпояи ситоди интихоботии Байден аз қарори ӯ каме пеш аз нашри мактуби президент ба амрикоиҳо хабар ёфтанд. CNN менависад, ба гуфтаи мансабдори баландпояи Кохи Сафед, , Ҷо Байден дар ин бора чанд рӯзи охир фикр мекард. Бисёре аз кормандони одии Кохи Сафед дар бораи қарори қабулшуда аз мактуби нашршуда огаҳӣ ёфтанд.
Сармушовири Байден гуфтааст, тасмими ниҳоӣ дар бораи хориҷ шудан аз сабқати интихоботиро президент дар 48 соати охир ҳангоми машварат бо оила ва мушовиронаш гирифтааст.