ҲАМОС, гурӯҳи фаластиние, ки зидди Исроил меҷангад, Яҳё Синворро ба ҳайси роҳбари нави сиёсии худ муаррифӣ кард. Ӯ ҷойгузини Исмоил Ҳания, роҳбари пешини сиёсии ин гурӯҳ, ки дар пайи як ҳамла дар Теҳрон кушта шуд, гардид.
Хабаргузории Рейтерз бо истинод ба изҳороти ҲАМОС навишт, ки ин гурӯҳ раҳбари худ дар навори Ғазза Яҳё Синворро ба ҳайси ҷойгузини Исмоил Ҳания муаррифӣ кард.
Яҳё Синвор яке аз чеҳраҳои калиди дар ҲАМОС дониста мешавад ва Исроил ӯро созмондиҳандаи ҳамла дар 7-уми октябри соли 2023 медонад.
Гуфта мешавад, ки Яҳё Синвор пас аз ҳамла ба Исроил дар Ғазза пинҳон шудаву ба кӯшишҳои артиши Исроил ҷиҳати нобуд карданаш муваффақона муқобилият нишон медиҳад.
Ба хабари таъйиноти Яҳё Синвор Исроил бо мушакборони навори Ғазза посух дод.
Як дипломати минтақавӣ, ки аз музокироти Исроилу Фаластин бо миёнҷигарии Миср ва Қатар огоҳ будааст, ба Рейтерс гуфтааст, “ин таъйинот маънои онро дорад, ки Исроил бояд бо Синвар барои ҳалли ҷанг дар Ғазза мулоқот кунад”. То ин лаҳза масъулияти музокирот барои итмоми ҷанг дар Ғазза аз ҷониби ҲАМОС Исмоил Ҳания буд.
Яҳё Синвори 61-сола дар урдугоҳи паноҳандагон дар шаҳри Хон Юниси ҷанубии Ғазза ба дунё омадааст. Дар соли 2017 ӯ раҳбари ҲАМОС дар навори Ғазза интихоб шуд ва дар миёни фаластиниҳо ҳамчун як душмани бераҳм ва оштинопазири Исроил нуфуз пайдо кард.
Яҳё Синвор нисфи умрашро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кардааст.
Бояд гуфт, низои ахир дар Ғазза баъди муҳосираву фишори шадид ва давомдори Исроил ба ин минтақа ва дар пайи он, ҳамлаи гуруҳи ҲАМОС ба ин кишвар дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз гардид.
Дар пайи ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта шудаву беш аз 200 нафари дигар гаравгон шуданд. То ҳол теъдоде аз ин гаравгонҳо озод гардидаанд, аммо чанде то ҳол дар асорати ҲАМОС мебошанд.
Бар асари мушакборон ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза бошад, давоми 10 моҳи охир, ҳудуди 50 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки аксари онҳо кӯдакону занон мебошанд.