Мақомоти Туркия аз ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, изи ангуштон мегиранд (дактилоскопия). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая ба газетаи Sabah хабар додааст.

“Вазири корҳои дохилӣ лоиҳаи муҳими ояндаро эълон кард, ки дар доираи он зимни вуруд ба Туркия ба монанди ИМА ва Британияи Кабир изи ангуштон гирифта мешаванд”, - менависад нашрия.

Ба гуфтаи Ерликая, ин тадбир дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва роҳандозии механизми пурсамари ихроҷ ҷорӣ мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД Туркия, айни замон зиёда аз 4,4 млн нафар хориҷиён дар кишвар қарор доранд, ки 3,1 млн нафарашон шаҳрвандони Сурия буда, беш аз 1,1 млн нафар хориҷиён Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доранд.

Қобили зикр аст, ки Туркия яке аз кишварҳои писандидаи тоҷикистониён барои сафар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ба хотири истироҳату табобат ва тиҷорат мераванд.

Моҳи апрели соли равон Туркия реҷаи 90-рӯзаи бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда, ин қарори худро ба таъмини амният рабт дод.

Ин тасмим пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав гирифта шуд. Дар содир намудани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.