Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский “тарҳи пирӯзӣ”-и худро, ки чанде пештар ба раиси ҷумҳури Амрико ва роҳбарони чанде аз кишварҳои аврупоӣ муаррифӣ карда буд, дар парлумони кишвараш рунамоӣ кард.
“Тарҳи пирӯзӣ”-и Зеленский аз панҷ банд ва се замимаи махфӣ иборат аст:
Банди аввал - геополитикӣ: даъвати Украина ба НАТО;
Банди дуввум - дифоъ: идомаи амалиёт дар қаламрави Русия ва лағви маҳдудиятҳо барои зарба қаламрав ин кишвар Ин банд замимаи махфӣ низ дорад.
Банди сеюм боздоранда аст: Украина пешниҳод мекунад, ки дар қаламрави худ як навъ бастаи ҳамаҷонибаи пешгирии стратегии ғайриядроӣ ҷойгир карда шавад.
Банди чаҳорум: рушди иқтидори иқтисодии Украина ва афзоиши таҳрим алайҳи Русия.
Банди панҷум, ки барои давраи пас аз ҷанг пешбинӣ шудааст: пас аз анҷоми ҷанг, артиши Украина метавонад таҷрибаи худро барои таҳкими иқтидори дифоии НАТО ва Аврупо истифода барад.
Зимни муаррифии “тарҳи пирӯзӣ” Владимир Зеленский аз “эътилофи ҷинояткорон" ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ ба ҷуз Русия акнун Кореяи Шимолиро ҳам дар бар мегирад. Ӯ гуфт, ки Кореяи Шимолӣ ба Русия сарбозу аслиҳа фиристодааст.
Владимир Зеленский ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки ҷанг бо Русия бо наздик шудан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико ва ҳамчунин фаро расдани зимистон дар Украина дар як нуқтаи бӯҳронӣ қарор дорад.