Дар маъракаи интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ғолиб омада, президенти 47-уми ин кишвар интихоб шуд.
Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, ҳарифи ӯ - ноиби президенти амалкунандаи ИМА Камола Ҳаррис бохти худро эътироф намуда, ба Трамп занг зад ва ӯро бо пирӯзӣ табрик кард.
Сарвари давлати тозаинтихобро ҳамчунин президенти амалкунандаи ИМА Ҷо Байден низ табрик гуфт.
Зимни суханронӣ назди ҷонибдоронаш Доналд Трампи 78-сола ваъда дод, ки Амрикоро “боз бузург, пурзӯр ва бехатар” ва сокинонашро - хушбахт месозад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки ният дорад “ба ҷангҳо хотима бахшад”, на балки онҳоро боз оғоз намояд.
Маросими расмии сари мансаб нишастани Трамп 20 январи соли 2025 дар бинои Капитолия дар Вашингтон доир мегардад. Ин маросим ҳамеша дар ҳамин рӯз мегузарад, ки дар ислоҳи 20-уми Конститутсияи ИМА аз соли 1933 зикр шудааст. Дар ислоҳ зикр шудааст, ки нимаи дуюми рӯзи 20 январ муҳлати ваколатҳои президент ва ноиби президенти амалкунанда ба охир расида, муҳлати шахсони тозаинтихоб оғоз мегардад.
Дар баробари президент ҳамзамон конгрессменҳо низ интихоб шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ аксариятро дар сенати конресси ИМА соҳиб шуд. Ба туфайли пирӯзӣ дар Вирҷинияи Ғарбӣ ва Огайо ҷумҳурихоҳон палатаи болоии парлумонро зери назорат гирифтанд.
Ин ду пирӯзӣ ба ҷумҳурихоҳон имкон доданд, ки дар сенати иборат аз 100 курсӣ ҳадди ақалл 51-ҷойро гиранд. Ғайр аз ин, тибқи пешгӯиҳои ВАО-и амрикоӣ, ҷумҳурихоҳон дар палатаи намояндагони конгресс низ аксариятро нигоҳ доштанд.
Бисёре аз сарони давлатҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса, Лаҳистон (Полша), Чин, Ҳиндустон, Туркия, Исроил ва дигар кишварҳо Доналд Трампро бо ғалаба табрик карданд.