Думаи давлатии Русия дар хониши аввал тарҳеро қабул кард, ки имкон фароҳам меорад, Толибон* аз рӯйхати террористон дар ин кишвар берун шаванд. Шурӯъ аз тобистони соли равон мақомоти Русия кушиш доранд, ин гуруҳро аз сафи созмонҳои терорристӣ берун кунанд.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС вакилони Думаи давлатии ин кишвар лоиҳаи қонун дар бораи механизми муваққатан боздоштани манъи фаъолияти созмонҳои шомил ба феҳристи созмонҳои террористиро қабул карданд. Ин санад аз ҷониби гурӯҳи вакилон ва сенаторҳо дар моҳи ноябр пешниҳод шуда буд.
Мувофиқи меъёрҳои нав, манъи фаъолияти созмон, аз ҷумла хориҷӣ ё байнулмилалӣ, ки дар Русия террористӣ эътироф шудааст, метавонад бо қарори додгоҳ бар асоси пешниҳоди додистони кул боздошта мешавад.
Ин дар ҳолатҳое имконпазир мешавад, ки дар бораи қатъи фаъолияти таблиғотӣ, сафедкунӣ ё дастгирии терроризм аз ҷониби созмон далелҳои воқеӣ мавҷуд бошанд ё созмон ба ҷиноятҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Русия даст назада бошад.
Қарори додгоҳ дар бораи муваққатан боздоштани манъи фаъолият дар муддати 5 рӯз пас аз эътибор пайдо карданаш, барои ворид намудани тағйипрот ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ба Хадамоти федералии амният (ФСБ) фиристода мешавад.
Ба гуфтаи Леонид Слутский, вакили Думаи давлатӣ ва раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) меъёрҳои нав, аз ҷумла барои таъмин намудани ҳамкории қонунӣ бо ҳаракати "Толибон" (дар Русия мамнӯъ) пешбинӣ шудаанд.
Дар лоиҳаи қонун инчунин зикр шудааст, ки агар дар бораи барқарор шудани фаъолияти таблиғотӣ, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содир кардани ҷиноятҳои марбут маълумот пайдо шавад, қарори боздошти муваққатии манъи фаъолият метавонад бекор гардад.
Ба Кодекси мурофиавии маъмурии Русия ва қонун «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» низ тағйирот ворид карда мешаванд.
Тавре ки The Insider менависад, воситаҳои молии созмонҳое, ки аз рӯйхати террористӣ хориҷ шудаанд, низ таҳти назорати ҳатмии бонкҳо ва хадамоти махсус дода мешаванд.
Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, амалиёт бо маблағҳо ё дигар молу мулк дар ҳолате таҳти назорати ҳатмӣ қарор мегирад, ки агар яке аз тарафҳо созмон ё шахси воқеие бошад, ки дар бораи дохил шуданаш ба рӯйхати созмонҳо ва шахсони алоқаманд ба фаъолияти ифротгароӣ (экстремистӣ) ё терроризм, маълумот мавҷуд бошад.
Назорат тибқи қонун аз ҷониби бонкҳо амалӣ мешавад, ки дар сурати анҷоми интиқолҳои шубҳанок бояд қонунӣ будани манбаи маблағҳоро дархост кунанд. Мувофиқи лоиҳаи қонуни нав, ин назорат дар сурати қабул шудани қарори додгоҳ дар бораи «муваққатан боздоштани манъи фаъолият» бекор мешавад ва дар ҳолати бекор шудани ин қарор, дубора барқарор мегардад.
Ҳаракати «Толибон» дар Русия соли 2003 ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуд. То имрӯз танҳо мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон «Толибон»-ро аз рӯйхати манъшуда хориҷ кардаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.