Агар Шумо барои оғози ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявию қарзӣ ба қарор омадед, пеш аз ҳама номгӯи хизматрасониҳои муҳимро муайян намоед. Бо ин роҳ Шумо ТМҚ-и муносибро интихоб карда метавонед.

Фарз кардем: Шумо мехоҳед ҳисоби депозитӣ кушода ба он 10000 сомониро гузоред. Дар ин ҳолат  Шумо метавонед ба ду намуди муассисаҳои молиявӣ: Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) муроҷиат кунед. Дигар намуди муассисаҳои молиявӣ ҳуқуқ ба ҷалби амонатҳо надоранд.

Меъёрҳои интихоби ТМҚ-и мувофиқ гуногунанд, мо меъёрҳои асосиро ба Шумо ёдрас мекунем.

- Дар рӯйхати ТМҚ будани хизматрасониҳои зарурӣ

- Шароитҳои манфиатноки маҳсулот ва хизматрасонӣ

- Хадамоти босуръат

- Маълумотҳои дастрас оид ба ТМҚ барои мизоҷон

- Шабакаи муносиби филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ

- Ҷойгиршавии муносиби банкоматҳо ва терминалҳо

- Босубот ва устувории молиявӣ.

- Обрӯи аълои ТМҚ ва таҷрибаи корӣ дар бозори молиявӣ

- Дигар меъёрҳо (мувофиқи талаботи Шумо)

Дар маводи оянда  мо мавзӯро идома дода,  ҳангоми интихоби ТМҚ ба чӣ бояд аҳамият дод, сухан мегӯем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.