Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз 1 октябр арзиши зангҳо аз Тоҷикистон ба Русияро тақрибан ба андозаи 45% боло мебаранд. Як дақиқаи гуфтугӯи тоҷикистониён - муштариёни ҳамаи операторони мобилӣ бо наздикону шиносҳои худ дар Русия 1 сомонӣ меафтад.
«Мувофиқи қарори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз 7 августи соли 2012, инчунин тағйир ёфтани қурби асъор аз лаҳзаи ба имзо расидани қарори мазкур, арзиши зангҳо ба Русия аз нав дида баромада шуда, аз 1 октябри соли 2016 як дақиқаи занги содиротӣ ба самти мазкур 1 сомонӣ бо назардошти андозҳо ҳисобида мешавад», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell). То 1 октябр нархи зангҳо ба Русия дар ин ширкат 0,69 сомониро ташкил медод.
Ҳамчунин доир ба бозбинии тарифбандии зангҳо ба Русия хадамотҳои матбуоти «Мегафон Тоҷикистон» ва ҶДММ «Таком» низ хабар медиҳанд, ки хизматгузориҳои алоқаи мобилиро дар Тоҷикистон таҳти тамғаи Билайн пешкаш мекунанд.
Дар «Мегафон Тоҷикистон» қайд мекунанд, ки аз 1 октябр арзиши як дақиқаи занг ба Русия бо назардошти андозҳо 1 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи 1 дақиқаи занг аз рақами «Билайн» дар Тоҷикистон ба рақами «Билайн» дар Русия бо назардошти андозҳо 1 сомонӣ ва зангҳо ба дигар операторони алоқаи мобилии Русия гаронтар - 1.10 сомониро ташкил хоҳад дод.
Айни замон 1 дақиқаи занг аз Тоҷикистон ба Русия тариқи «Мегафон Тоҷикистон» - 0,67 сомонӣ ва тавассути «Билайн» - 0,66 сомониро ташкил медиҳад.
Болоравии тарифҳо дар ин ду ширкатро ҳам ба «тағйирёбии қурби асъор аз замони мавриди амал қарор гирифтани» дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз моҳи августи соли 2012 нисбат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки тайи чор соли ахир қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА ба беш аз 65% - аз 4.76 сомонӣ дар моҳи августи соли 2012 то ба 7.87 сомонӣ то ба имрӯз барои 1 доллари ИМА поин рафт.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ даромади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қариб 16% коҳиш ёфт. Давоми моҳҳои январ-июни соли 2016 ларомади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ 980 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли газшта ба 84% баробар аст.
Ҳамчунин тибқи маълумоти оморӣ, дар муқоиса бо соли гузашта тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон қариб 33% коҳиш ёфта, давоми моҳҳои январ-июли соли 2016 ҳаҷми даромади операторони хусусӣ каме бештар аз 800 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 67,2%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
Миёни операторони алоқа дар феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори молу хизматгузорӣ мавқеъи пешсафро доранд, ҶСП «Вавилон Мобайл», ҶСК «ТК Мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Вавилон-Т», ҶСП «ТТ-Мобайл» ва ҶДММ «Таком» қарор доранд. Чунин аст маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ.
Дар бозори пешниҳоди хизматгузории алоқаи мобилӣ (GSM 900/1800) ҳиссаи ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell) - 34,5%, ҶСП «ТТ-Мобайл» - 26,4%, ҶСП «Вавилон Мобайл» - 20,9%, ҶДММ «Таком» - 17,7% ва ҶСК «ТК Мобайл» - 0,5%-ро ташкил медиҳад.