«Ман боз хӯрда метавонистам, вале вақт ба охир расид»: озмуни ошхӯри беҳтарин дар Хуҷанд
09:51, 10 октябр, 2016Муаллиф: "Настоящее время"
«Ман боз хӯрда метавонистам, вале вақт ба охир расид», - таассуроти шахсе, ки дар мусобиқаи хӯрдани оши палав аз рӯи вақти ҷудошуда иштирок мекунад.
Дар озмуне, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, 15 нафар ошхӯрон иштирок карданд. Ба ҳар кадоме як табақ оши палави гӯшти гӯсфанд пешниҳод шуд.
Ғолиби озмун, ки дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифт, иброз дошт, ки ҳоло ҳам аз идомаи ошхӯрӣ даст кашиданӣ набуд.