Дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк” ҳимояи иштирокчиёни тренингҳо оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА, бо дастгирии молиявии ҶСП “Спитамен Бонк”, дар доираи барномаи оид ба баландбардории саводнокии аҳолӣ баргузор гардид.
Дар давоми ҷаласаҳо иштирокчиён мавзӯҳоеро омӯхтанд, ки бо ҷаҳони муосири тиҷорат ва молия ворид гашта, барои дарк кардани маъно ва арзиши омӯзиш, ташкили вақт ва тиҷорати худ кӯмак мекунанд.
Мақсади ассосии курси мазкур пешниҳод кардани маводи аз нигоҳи синну сол мутобиқ гардонида шуда, барои омӯхтани фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии иштирокчиён буд. Дар хотимаи курс иштирокчиён нақшаҳои тиҷоратии худро коркард намуда, онҳоро бо истифодаи графикаҳои иттилоотӣ ва асосноккунии иқтисодӣ пешкаш карданд.
Кор бо иштирокчиёни курсҳо дар се самт бурда шуд: “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” (тренер Нигор Абдуаҳадова), “Инфографика. Малакаҳои компютерӣ барои соҳибкори навкор” (тренер Ҷаҳонгир Ҷалолов) ва “Ташаккули рушди шахсӣ” (тренер Манижа Шамсиева).
Хатмкунандагон лоиҳаҳои худро ба мутахассисон аз шумори роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов, Хуршед Одинаев, Бобоева Зарина, Ҷамшед Абдуллоев пешкаш намуданд.
Мутахассисон бо тантана ба хатмкунандагон 17 сертификат барои коркард ва ҳимояи лоиҳаҳо тақдим намуданд. Инчунин се муаллифи лоиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” бо идрорпулии якдафъаина қадр карда шуданд. Ҷои аввал ба Давлатова Маряна бо лоиҳаи студияи рассомӣ « Сreative Art World», ҷои дуюм ба Иваненко Валерий бо лоиҳаи мактаби футбол барои кӯдакон «Junior» ва ҷои сеюм ба лоиҳаи студияи коркарди бозиҳои мобилӣ «Gamer» насиб гашт.
Ёдовар мешавем, ки курсҳои дуюми оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА бо дастгири молиявии ҶСП “Спитамен Бонк” барои наврасони синни аз14 то 18 сола, аз 21 август оғоз шуданд ва аз шонздаҳ ҷаласа иборат буда, тӯли якуним моҳ идома ёфтанд.



“Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро. Беш аз 27,7 ҳазор қарздор аз ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистон маҳрум будаанд
“Баъди бурди Грин-корт ба Амрико рафта буд”. Марги зани 36-солаи тоҷик дар Амрико
Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад
Дар Тоҷикистон 80 дарсади нафақагирон аз қайди рақамӣ гузаштанд
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ки соли 2025 дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон инҳисоргар набуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 23
Ҳушдори ҳавошиносон аз 5 рӯзи барфу борон дар Тоҷикистон
Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд
Пешниҳоди истирдоди беш аз 150 зани тоҷик аз зиндони Русия ба Тоҷикистон. Москалкова ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навиштааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста