Мақомоти Ӯзбекистон мубориза бо бисёрзаниро пурзур карда, талош доранд, ки занонро аз издивоҷҳои ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қонунгузорҳои ӯзбек дар ҳоли ҳозир, лоиҳаи нави қонунеро дар ин замина таҳия доранд. Ин лоиҳа ба руҳониёне, ки ақди никоҳҳои пинҳониро анҷом дода, ба бисёрзанӣ мусоидат мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.
"Бархе афроди доро чанд зан доранд. Баъзеи онҳо бо вуҷуди қонунан манъ будан расман ақди никоҳ бастаанд ва баъзеи дигар танҳо никоҳ кардаанд", - гуфтааст намояндаи Кумитаи занони Ӯзбекистон дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд.
Қонунҳои амалкунандаи Ӯзбекистон барои бисёрзанӣ ҷазо дар шакли то се соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 50 то 150 нишондоди маоши ҳадди ақалро пешбинӣ кардаанд. Дар ин гуна ҳолатҳо занон муҷозот намешаванд.
Вале дар қонунгузории феълии Ӯзбекистон дар бораи имомҳое, ки никоҳ карда, ба бисёрзанӣ мусоидат мекунанд, чизе гуфта нашудааст. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран гуфт, ки тибқи лоиҳаи қонуни нав, агар ходимони дин бе шаҳодатномаи давлатӣ никоҳ кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.