Кумитаи идоракунии бунёди “Ишонч” (“Боварӣ”), ки дороиҳои Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистонро дар Швейтсария назорат мекунад, қарор кардааст, ки 20 млн доллари мусодирашудаи Каримова барои беҳтар кардани шароити мактабҳои деҳоти ин кишвар равона карда шавад.
Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод, ки сухан дар бораи лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва таъмини об, санитария ва тозагӣ дар мактабҳо” меравад, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон оғоз мешавад.
Дар доираи ин лоиҳа, ҳадди аққал 45 мактаби деҳот дар тамоми Ӯзбекистон таъмир карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, шароити муосири санитарӣ, гармидиҳӣ ва манбаъҳои экологии энержӣ таъмин мегарданд. Ин маблағгузорӣ барои беҳбуди шароити таҳсили беш аз 31 ҳазор хонандаи мактаб, бахусус духтарони наврас мусоидат хоҳад кард.
Ғайр аз ин, қисми маблағҳои бунёди “Ишонч” барои ташкил намудани курсҳо оид ба масъалаҳои устувории иқлим, таъминоти об, санитарӣ ва гигиена барои 2700 омӯзгор ва дигар кормандони мактабҳо равона карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки бинобар афзоиши босуръати шумораи хонандагон дар Ӯзбекистон зиёда аз 1,4 миллион кӯдак ба муассисаҳои таълимӣ меравад, ки дар онҳо таъминоти об маҳдуд ё тамоман вуҷуд надорад.
Ҳамчунин, дар бисёре аз муассисаҳои деҳот то ҳол ҳоҷатхонаҳои чуқурӣ ва низомҳои ғайрисамараноки гармидиҳӣ истифода мешаванд.
Мақомот ваъда додаанд, ки маблағҳо дар доираи лоиҳа бо роҳи шаффоф харҷ карда мешаванд ва тавассути пойгоҳи махсуси “Мактаби беҳтарини ман” истифодабарандагон метавонанд нақшаи хароҷот, пудратчиён, муҳлатҳои сохтмон ва ҷараёни иҷрои маҷмуи муайяни корҳоро пайгирӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Константин Оболенский, Швейсария дар кишварҳо Осиёи Марказӣ дар шарҳи сарф шудани маблағҳои мусодирашудаи барои таъмири мактабҳо гуфтааст, ки “Швейтсария ифтихор дорад, ки захираҳое, ки дар доираи баргардонидани дороиҳо ба даст омадаанд, ба сармоягузориҳои намоён ва муқовим ба фасод табдил ёфта, манфиати мустақим ба мардуми Ӯзбекистон меоранд”.
Бояд гуфт, ки соли 2022 байни Ӯзбекистон ва Швейтсария бунёди “Ишонч” таъсис ёфт, ки дар назди СММ фаъолият мекунад. Маҳз тавассути ин сохтор бозгардонидани дороиҳои ғайриқонунии Гулнора Каримова амалӣ мешавад.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки қисми дороиҳои ғайриқонунии духтари президенти аввалини Ӯзбекистон, ки ба ватан баргардонида шуданд, ба лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф равона гардида буданд.
Дар бархе кишварҳои аврупоӣ таҳқиқоти фаъолияти фасодзадии гулнора Каримова ва ширкатҳои вобаста ба ӯ аз соли 2012 оғоз ёфт. Соли 2018 Швейтсария дороиҳои Каримоваро ба маблағи зиёда аз 555 миллион доллар мусодира кард. Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти мақомоти Ӯзбекистон, духтари роҳбари аввалини давлат беш аз 1 миллиард долларро, ки ба таври ҷиноятӣ ба даст оварда буданд, ба хориҷ бурдааст.
Дар Ӯзбекистон аз соли 2013 нисбати Каримова бо иттиҳоми дуздӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ чанд парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ӯ ҳамон сол бо ҳукми додгоҳ 13 сол равонаи зиндон шуд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста