Минтақаи Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, имрӯз ба паноҳгоҳи асосии аъзои созмони террористии фаъолияташ дар аксари кишварҳо (аз ҷумла, Тоҷикистон) манъшудаи ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) табдил ёфтааст.
“Бозигарони асосии сиёсати ҷаҳонӣ имрӯзҳо талош доранд, ки шимоли Афғонистон ва минтақаҳои ҳамсарҳад ба онро ба майдони мубориза бар зидди манфиатҳои ҷаҳонии Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ табдил диҳанд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.
Ба ақидаи ӯ, гурӯҳҳои ҷангиёни ДОИШ, ки баъд аз бохт дар Ироқу Сурия дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ба сифати чунин майдон истифода шуда метавонанд.
Коршинос мутмаин аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб на сохторҳои қудратии Афғонистон, ки амалан зери назорати НАТО мебошанд ва на нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният (ISAF) таҳти фармондеҳии НАТО ба гузаронидани амалиёти поккории шимоли Афғонистон аз ҷангиён шитоб надоранд.
Дар робита ба изҳороти сохторҳои қудратии Афғонистон нимаи моҳи ноябр дар бораи қариб пурра аз ҷангиёни ДОИШ пок шудани қаламрави кишвар, коршинос қайд кард, ки ин маълумот қисман дуруст аст.
“Охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр сохторҳои қудратии Афғонистон дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ISAF дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон як қатор амалиёти муваффақона гузарониданд, ки дар натиҷа қариб ҳамаи гурӯҳҳои тахрибкорон дар ин минтақа нобуд карда шуда, аксари ҷангиён ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.
Коршинос мутмаин аст, ки чунин амалиёт зидди гурӯҳҳои ДОИШ дар шимоли Афғонистон ояндаи наздик баргузор нахоҳад шуд.
“Зеро ҳузури ҷангиёни ДОИШ дар ин минтақа ба манфиатҳои геополитикии баъзе нерӯҳо созгор аст”, - илова кард ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста