Фаридун Одилов, размикори тоҷик аввалин муборизаи худро дар доираи Лигаи АСА муқобили варзишгари рус Элмар Гасанов баргузор мекунад. Нурулло Алиев, размикори дигари тоҷик бошад, дар мусобиқоти UFC, алайҳи Рафаэл Алвеси бразилӣ ба майдон мебарояд.
Фаридун Одилов, ки дар Лигаи АСА ҳунарнамоӣ мекунад, 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Русия бо варзишгари рус Элмар Гасанов вориди рақобат мешавад. Ин нахустин набарди Фаридун Одилов дар Лигаи АСА мебошад. Ӯ қаблан дар Лигаи EFС-и Ҳабиб Нурмугаммедов, қаҳрамони доғистонии UFC иштирок мекард.
Размикори рус Элмар Гасанов, ки бо Фаридун Одилов муҳориба мекунад, то кунун 4 ғалаба ва як мусовӣ дорад.
Фаридун Одлов бошад то кунун 12 пирӯзӣ (аз он 10-тоашро пеш аз мӯҳлат ба даст овардааст), 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.
Ҳамин тавр, рақиб ва рӯзи баргузории муҳорибаи наввалини размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) маълум шуд.
Ӯ, ки дар вазни сабук (то 70 кг) иштирок мекунад, рӯзи 25-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА бо Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ муҳориба хоҳад кард.
Рафаэл Алвес дар UFC рақобати чаҳруми худро баргузор мекунад. Вай дар муҳорибаҳои размии омехта ва UFC 20 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 11-тоаш шикаст хӯрдааст.
Гуфтан лозим аст, ки Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста