Панҷ ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи “Gran Slam” дар Анталияи Туркия, ки аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин баробар, 8 ҷудокори дигари тоҷик барои рақобат дар мусобиқаи Лигаи минтақавии ҷудо ба шаҳри Маскави Русия мераванд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, барои ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия мефиристад:
-60кг - Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-66кг - Обид Ҷебов
-73кг - Беҳрӯз Хоҷазода
-81 кг - Шодмон Ризоев
-90кг - Ҷаҳонгир Маҷидов
Гуфта мешавад, ки мусобиқот аз рӯи анъана дар 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон баргузор мешаванд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро.
Дар ин баробар, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мунтахаби Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф”-ро барои иштирок дар Лигаи минтақавии ҷудо ба шаҳри Маскави Русия сафарбар менамояд.
Лигаи минтақавии ҷудо дар се марҳила баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи аввал 8 апрел дар маҷмааи КМВА-и Москва доир мегардад. Марҳилаи дуюм дар ҳамин маҷмаа 6-уми май, марҳилаи сеюм 8-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳайати тими Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” 8 варзишгар шомил гардидаанд:
-66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов
-73кг – Мирзоҷамил Рамазонов / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
-81кг – Курбан Кудиев
-90кг – Мирзо Шукориев / Акмал Муродов
+90кг – Шакармамад Мирмамадов
Бояд гуфт, дар марҳилаи аввали мусобиқа 24 клуб ширкат мекунанд, ки 8 клубро давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Белорус, Тоҷикистон, Эрон, Сербия намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се дастаи беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм ғолибони чемпионати Русия миёни клубҳо ҳамроҳ мешаванд: “Явара-Нева”, “Ахмат”, “Локомотив” (Налчик), “Урал — Западная Сибир”.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста