Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзҳои 7-9 апрел мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 274 варзишгар аз 10 кишвар байни наврасон ва 283 варзишгар аз 9 кишвар миёни ҷавонон иштирок мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 варзишгари наврас ва 6 варзишгари ҷавонро ба Алмато сафарбар мекунад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар 16 вазн миёни наврасон (8 - писарон, 8 - духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 - писарон, 7 - духтарон) гузаронида мешавад. Варзишгарони мо танҳо байни наврасон рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё варзишгарони зерин шомиланд: Меҳроҷиддин Гадоев дар вазни то 50 кг, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кг, Ворис Назаров дар вазни то 66 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73 кг, Исмоил Бурҳонов дар вазни то 81 кг, Баҳоваддин Сулаймонов дар вазни то 90 кг ва Фараҳманд Устопиров дар вазни то  +90 кг (миёни наврасон).

Байни ҷавонон кишвари моро инҳо намояндагӣ мекунанд: Саъдӣ Маҳмадов дар вазни то 60 кг, Абӯбакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 дар Алмато мусобиқаи Ҷоми кушоди сатҳи баланди Осиё  оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон доир гардида, дар он гуштингирони ҷавони тоҷик ду медал - тилло ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Тоҷикистонро байни ҷавонон Фотимахон Гадоева дар вазни то 52 кг, Ҷасур Лутфишоев дар вазни то 55 кг, Худодод Шанбиев дар вазни то 60 кг, Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев — ҳа ду дар вазни 66 кг намояндагӣ карданд.

Мутаассифона, ин мусобиқа барои варшигарони навраси тоҷик ноком - бидуни дарёфти медал анҷом пазируфт.

Дар рақобатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 варзишгар намояндагӣ карданд: Саидашраф Лоиқов, Абӯҳанифа Қурбонбозор, Абӯбакр Шеров — ҳар се дар вазни то 66 кг, Ҳоҷибек Мухторов дар вазни то 73 кг, Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов — ҳар ду дар вазни то 81 кг, Муҳсин Малаев дар вазни то 90 кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.