Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19-уми октябр, ғолибони Бозиҳои 19-умин осиёиро ба ҳузур пазируфт.
Вай варзишгаронро бо ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-умин осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин табрик гуфт.
Шаҳрдори Душанбе ба Сомон Маҳмадбеков, ки рӯзи 25-уми сентябр дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоуи Чин медали тилло ба даст овард, калиди манзили 3 - ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим кард.
Калиди манзили 3- ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки низ соҳиби медали тилло шуд, тақдим гардид.
Инчунин ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2- ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.
Ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров калиди хонаи якҳуҷрадорро супорид.
Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор гардида, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ намуд.
Варзишгарони тоҷик дар умум соҳиби 7 медал – 2 тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир гардиданд.
Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш - нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.





“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста