Пагоҳ, 21-уми ноябр, соати 14:00 бо вақти Душанбе, тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо дастаи мунтахаби Покистон дар Исломобод рақобат мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, тими миллии Тоҷикистон барои баргузор намудани бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 аллакай вориди шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон шудааст.
Бозӣ дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод баргузор мегардад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурдааст.
Барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба Покистон теъдоде аз мухлисони тоҷик низ сафар хоҳанд кард. Дар ин бора чанде аз блогерони тоҷик бо нашри хабар дар саҳифаҳои худ иттилоъ дода, аз сокинони кишвар даъват карданд, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бозии нахустини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гуруҳи “G” дар Душанбе муқобили дастаи Урдун баргузор ва бо ҳисоби 1-1 мусовӣ кард.
Ду дастаи дигари ин гуруҳ – Арабистони Саудӣ ва Покистон дар Ар-Риёз бозӣ карданд. Арабистони Саудӣ дар ин бозӣ бо ҳисоби калони 4-0 ғалаба кард са садрнишини гуруҳ гардид.
Ҳамакнун, дар даври дуюм тими Урдун бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.
Айни ҳол, баъд аз даври якум, тими миллии Арабистони Саудӣ бо 3 имтиёз садрнишини гуруҳи “G” аст. Дастаҳои Урдун ва Тоҷикистон бо 1 холӣ мутаносибан дар зинаҳои 2 ва 3 қарор доранд. Покистон бидуни имтиёз дар мақоми охири гуруҳ қарор гирифтааст.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста