Гӯштингири маъруфи тоҷик (навъи ҷудо) Сомон Маҳмадбеков рӯзи 30 июл бо пирӯзӣ бар варзишгари итолиёвӣ Антонио Эспозито дар вазни то 81 кг ба медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж соҳиб шуд.
Ин аввалин медали гӯштингирони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ тайи 16 соли охир аст. Бори охир дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар варзишгар аз Фаластин, сипас бар намояндаи Нидерланд дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Лекин дар ин давр аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвили аз Гурҷистон шикаст хӯрд.
Дар даври тасаллобахш ӯ гӯштингири ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро мағлуб карда, дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар намояндаи Италия Антонио Эспозито дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 14 намояндаи Тоҷикистон 4 варзишгар рақобатҳои худро дар Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расониданд. Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон танҳо ба як медали биринҷӣ соҳиб шуд.
Сомон Маҳмадбеков тӯли ҳунарнамоии худ ба медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2024 соҳиб шуда, соли 2023 ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиё шарафёб гардида буд.
Пас аз мусобиқа ҷудокори тоҷик аз таассуроти худ чунин изҳори назар кард:
“Эҳсосот? Ҳоло дарк накардаам. Хушбахтам, ки ин медалро соҳиб шудам. Тӯли тамоми фаъолияти худ, тамоми умр ба ин самт ҳаракат мекардам. Имсол бароям пурсамар омад - медалҳо аз чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ.
Зинаи баландтарро ҳам ишғол кардан имкон дошт. Вақте рақобати чаҳорякниҳоиро ба намояндаи Гурҷистон Григалашивли бохтам, мураббиям хеле норозӣ буд. Мо маҳз ба ӯ омодагӣ гирифта будем. Хаста шуда, ба хатогӣ роҳ додам ва рақобатро бохтам. Бо айби худам”, - гуфт варзишгар.
Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки мехоҳад каме аз ҷудо истироҳат кунад - “муддати ду моҳ ва боз ба машқҳо бармегардад”.
Ҳамчунин дар ин рӯз бонуи муштзан аз Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар даври 1/16 финалӣ дар вазни 67 кг ба муқобили намояндаи ИМА Алисса Медос қувваозмоӣ карда, рақобатро бо ҳисоби 2:3 бохт ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Ба ин тариқ, аз 3 муштзани тоҷик 2 нафарашон Олимпиадаро тарк мекунанд. Танҳо Давлат Болтаев (92 кг) боқӣ монд, ки рӯзи 1 август дар даври 1/8 финалӣ бо намояндаи Ирландия Ҷек Марли ба майдон мебарояд.
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста