Рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе дар чаҳорчӯби Анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё (ШОА) миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои варзишӣ ба имзо расид.

Ин санадро Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Маҳдӣ Алинажод, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Эрон  имзо карданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, созишнома ба таҳкими равобити дуҷониба ва рушди зарфияти варзишии ҳарду кишвар нигаронида шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар чанд самт фаъол созанд. Аз ҷумла, ба тамрини варзишгарон, бозомӯзии мураббиёну доварон, баргузории лагерҳо ва чорабиниҳои муштараки варзишӣ дар Эрон ва Тоҷикистон, истифодаи мутақобилаи инфрасохтор, инчунин таҳкими робитаҳои созмонҳои варзишӣ бо академияҳо.

Ин Ёддошти тафоҳум аз лаҳзаи имзо шудан ба иҷро медарояд ва то поёни соли 2028 эътибор дорад. Дар ҳолати зарурат, мумкин аст муҳлати он тамдид карда шавад.

Бояд гуфт, ки ин созишнома дар пайи сафари давлатии Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Он вақт ӯ ҷонибдори амиқтар шудани ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ буд.

Ёдрас мешавем, ки дар анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё, ки аз 6 то 7-уми апрел дар Душанбе ҷараён дорад, 65 ширкаткунанда аз 22 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ғарб иштирок доранд.

Дар ҷаласа, нақшаи ҳамбастагии олимпӣ барои солҳои 2025-2028, омодагӣ ба Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн, ки моҳи октябри соли 2025 баргузор мешавад, инчунин Бозиҳои XX осиёӣ дар Ҷопон ва Бозиҳои осиёӣ дар Арабистони Саудӣ, ки соли 2026 пешбинӣ шудааст, баррасӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.