Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (МН МО) ҶТ лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008» якдилона тасдиқ гардид.
Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳслоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст ва он нисбат ба соли 2006 7,8% афзудааст. Дар соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 16 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 8% бештар аст.
Сатҳи таваррум дар соли 2007 19,7%-ро ташкил додааст, соли 2008 он бояд ба 15% баробар шавад (дар панҷ моҳи соли ҷорӣ он ба 6,8% баробар аст).
«Афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба нархҳои бозорҳои дохилии мо низ бетаъсир нахоҳад монд», - идома дод Ш.Раҳимзода ва афзуд, ки соли гузашта нархҳои маҳсулоти ғизоӣ 25%, маҳсулоти ғайриистеъмолӣ 7,5% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 17% боло рафтаанд.
Раиси БМТ изҳор дошт, ки қурби асъори миллӣ соли гузашта 1,1% поин фаромада, дар панҷ моҳи соли равон қурби расмии он 1% афзудааст.
Ш.Раҳимзода илова намуд, ки тамоми муомилоти савдо бояд бо пули миллӣ анҷом гирад. «Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бобат чораҳо андешида мешаванд», - зикр кард ӯ.
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста