Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад», - изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров дар маросими ба имзо расидани
лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба
Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ».
Ба гуфтаи С.Сафаров, агар такмили қонунҳои зикргардида барои ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҳизбҳои мухолиф зарур аст, то онҳо тавонанд тавассути интихоботи демократӣ ва шаффоф ҳокимиятро ба даст гиранд, зиёда аз ин, ба ҳокимият имкон медиҳад, ки машрӯъияти худро мустаҳкамтар созад.
«Дар маҷмӯъ, ин воситаи беҳтаринест барои интихоби баргузидагони сиёсии кишвар, ки тавассути интихоботи демократӣ амалӣ мегардад ва он бояд ҳадафи аслии ҷомеаи мо бошад», - таъкид сохт ӯ.
С.Сафаров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки миёни ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳусни тафоҳум мавҷуд аст, ки онҳо як ҷо ҷамъ омадаанд, то масъалаи муҳими ҳаёти ҷомеаро муҳокима кунанд.
«Дар ҳоле, ки дар кишвар равандхои муҳим чараён доранд, аҳзоби сиёсии мо на ба гирдиҳамоӣ, балки барои таҳияи пешниҳодоти такмили қонунҳои интихоботӣ баҳри рушди минбаъдаи Тоҷикистон камар бастаанд, ки ин фоли нек аст», - истиқбол кард ҷаноби Сафаров.
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯноманигорон аз Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста