Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер, ки мӯҳлати ваколати сафириаш ба анҷом мерасад, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ман ба президенти Тоҷикистон изҳор доштам, ки Олмон чун пештараву имрӯз ва оянда низ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад, - гуфт сафир пас аз анҷоми боздид бо Э.Раҳмон. - Олмон аз нахустинҳо шуда дар Тоҷикистон сафорати худро боз намудааст».
Сарвари давлати Тоҷикистон барои кӯмакҳо ба ҳукумати Олмон изҳори миннатдорӣ намуда, амалисозии лоиҳаи таъмири таҷҳизоти кушоди тақсимкунакҳои нерӯгоҳи обиву барқии «Норак»-ро махсус таъкид сохт.
Сафир ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ҷамъияти ҳамкории фаннии Олмон (
GTZ
) тибқи дархости вазорати корҳои хориҷии Олмон бобати бунёди нерӯгоҳи барқи дар рӯдхонаи Зарафшон таҳқиқот гузаронидааст.
«Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот маълум шуд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Зарафшон ба низоми обёрии Ӯзбекистон халал ворид намесозад, - таъкид кард ӯ. - Мо умедворем, ки Ӯзбекистон бо дарназардошти натиҷаҳои ин таҳқиқот дигар барои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон монеъ нахоҳад шуд».
Р.Мюллер ҳамчунин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ният дорад, аз Белгияву Олмон боздид намояд ва ба президенти Олмон ҷиҳати ташриф ба Тоҷикистон даъватнома ирсол кардааст.
Ҳини андешаронӣ бобати вазъи муносибатҳои иқтисодии кишварҳо Р.Мюллер таъкид сохт, ки «миёни давлатҳо муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодӣ барқарор шудаанд».
«Ҳамчун сафир ҷиҳати ҷалби сармояи Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон ман кӯшиши зиёд ба харҷ додам, - зикр кард дипломат. - Мо се сафари ҳайати соҳибкорони Олмонро ба Тоҷикистон созмон додем ва перомуни ҷалби сармоя гуфтушунидҳои мушаххас сурат гирифтанд».
«Идомаи чунин фаъолият зарур аст, вале амалисозии лоиҳаҳо кори соҳибкории хусусӣ аст», - афзуд Р.Мюллер.
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста