Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири лабораторияи пажӯҳишгоҳи гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров изҳор дошт, ки феълан минтақаи шимоли кишвар аз норасоии об танқисӣ мекашад, ҳарчанд дар рӯдхонаи Сир сатҳи об мисли солҳои пешин аст.
Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат ба он марбут аст, ки миёни Қирғизистону Ӯзбекистон бобати истифодаи об тавофуқ ҳосил нашудааст ва Қирғизистон дар болооби рӯдхонаҳо обро аз маҷрои умумӣ ба ҷои дигар равона мекунад.
«Тоҷикистон аз ин масъала канор аст, вале мутаассифона, шахсони мутасаддии гуфтушунидҳо натавонистанд инро собит созанд, - гуфт ӯ. - Гузашта аз ин, онҳо ҳатто чунин масъалагузорӣ карда натавонистанд».
Г.Петров зикр кард, ки акнун обро на танҳо аз Ӯзбекистн, балки аз Тоҷикистон ҳам гирифта истодаанд.
Перомуни масъалаи истифодаи обҳои фаромарзӣ Г.Петров изҳор намуд, ки дар маҷмӯъ, «ҳар кишвар мувофиқи салоҳдиди худ аз он истифода бурда метавонад, вале зимни рушди ягон чизе ё соҳае бо истифода аз он бояд манфиатҳои кишварҳои ҳамҷаворро низ ба назар гирад».
«Дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ низ ҳолат чунин аст: Тоҷикистон ягона кишварест, ки тавонистааст бо Қазоқистону Ӯзбекистон оид ба хизматрасониҳо ба қарордоде ояд ва ҳамчунин бо пардохт тавассути интиқоли нерӯи барқ низ», - идома дод ӯ.
«Мушкилоти обҳои фаромарзӣ дар Тоҷикистон мушкилоти касбӣ ва созгор омада натавонистан аст», - афзуд олим.
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста