Дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов иштирок кард.
Роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам ба Ӯзбекистон омада буданд.
Расонаҳо бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар вохӯрӣ ба масоили таҳияи равишҳои ягона нисбат ба арзёбии таҳдиду чолишҳои рӯзмарра, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ҷинояткории фаромарзӣ ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар доираи муколама ҷонибҳо тадбирҳои мушаххас оид ба таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотиро баррасӣ намуда, инчнуин самтҳои ҳамкории минбаъдаи барои тарафайн манфитнокро муайян карданд.
“Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати мунтазам баргузории машваратҳои ба ин монанд изҳори омодагӣ намуда, муҳим будани нигаҳдорӣ ва рушди чунин шакли ҳамкории мутақобилаи минтақавиро таъкид доштанд”, - илова шудааст дар хабар.