Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва намояндаи ваколатдори Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма оид ба ҷудо кардани бурси ҳукумати Ҷопон ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ ба маблағи $9 млн. созишнома ба имзо расониданд.

Сардори департаменти иттилооти вазорат Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки анҷоми татбиқи лоиҳаи мазкур дар нимаи аввали соли 2011 ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нишондодҳои созишнома ҳамаи таҷҳизоти фанние, ки зимни амалисозии тарҳ истифода бурда мешаванд, бояд молиҶопон ё Тоҷикистон бошанд.