Душанбе. 9-уми вагуст. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон дар пойтахт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд.
Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зикр кард, ки ба ҷуз иштирокчиёни намоишгоҳ ин ҷо сармоягузорони тавонои
музофоти мазкур низ ҳузур доранд ва омодаанд, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак маблағгузорӣ намоянд. «Бо дарназардошти тавсияҳои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи паррандапарварӣ мо ширкатҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварии Мозандаронро ба намоишгоҳ даъват намудем, то имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин соҳа фароҳам оварда шавад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки и
мрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад. Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов, муовини устондори (губернатор) Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва дигарон ширкат варзиданд.
Музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад. Ҳамасола аз музофоти Мозандарон сайёҳони зиёди боздид мекунанд. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста