Мавҷуда Ҳасанова
Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҳамоиш беш аз 35 нафар намояндагони корхонаҳои истеҳсолии музофоти Мозандарони Эрон ва ҳудуди 500 намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» муовини устондори Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ зикр кард, ки соҳибкорони музофоти Эрон омодаанд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад.
Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста