Хуҷанд. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд тафтиши парвандаи ҷиноии ду нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки қисми низомиро тарк намуда, барои пулкоркунӣ ба Ӯзбекистон рафта буданд, ба анҷом расид.
Судяи гарнизони ҳарбии вилояти Суғд Муслимҷон Худойбердиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев, ки аз ноҳияҳои Ҳисору Шаҳритӯсанд, дар қисми низомии рақами 2805 ҳамагӣ 4 моҳ хизмат кардаанд. «Онҳо аз рӯи моддаҳои 375, қ.3 (Худсарона тарк намудани қисми низомӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ), 335, қ.2 (Ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ) ва 311, қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ифшои сирри давлатӣ) гунаҳкор дониста мешаванд», - гуфт ӯ.
Мавсуф зикр кард, ки сарбозон дар таърихи 4-уми феврал худсарона қисми низомиро тарк намуда, сарҳади Ӯзбекистонро убур сохтаанд ва дар шаҳри Пскенти Вилояти Тошканд қарор гирифтаанд. «Тайи 24 рӯз онҳо дар он ҷо бо корҳои гуногун машғул гардида, маблағи пулӣ кор кардаанд, вале аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шуда, тибқи қарордоди мавҷуда ба ҷониби Тоҷикистон дода шуданд», - афзуд судя. Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии онҳо рӯзҳои наздик шурӯъ мегардад.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста