Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб дар гузаргоҳи Жайсан/Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд, зеро марзбонони Русия убури сарҳадро ба онҳо иҷоза намедиҳанд.
Қисмате аз Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ сафар карда, қисмати дигар ба муддати чанд рӯзе аз Русия ба Қазоқистон омадаанд, то ки муҳлати будубоши қонунии худро дар Русия тамдид кунанд, лекин дар роҳи бозгашт марзбонони рус онҳоро нагузоштаанд, ки ба кишвар ворид шаванд. Дар ин бора “Настоящее время” хабар медиҳад.
Чанде аз тоҷикистониҳо ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз сарҳад видео фиристодаанд. Ба гуфтаи онҳо, назди гузаргоҳи сарҳадӣ ҳудуди 200 мошин ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, марзбони Русия интихобан маҳз шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷоза надода, сабабашро ҳам шарҳ намедиҳанд.
Бархе бар ин назаранд, ки сабаби ҳамаи ин вазъият беамалии сафорати Тоҷикистон дар Русия аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои рӯзноманигорон посух намедиҳанд.
“Баъзе бачаҳо аллакай як ҳафта боз инҷоянд. 200 мошин истодааст, намегузарад, - гуфтааст муаллифи яке аз наворҳо. - Бубинед, мо дар чӣ ҳолатем! Ӯзбекҳову қирғизҳо гузаштанд, чунки онҳо дар сафорат одами худро доранд. Мо ҳеҷ кас надорем!”.
Ба гуфтаи тоҷикистониёни бандмонда, чанде пеш як дипломат аз Қирғизистон ба гузаргоҳи сарҳадӣ омадааст. Ӯ изҳор доштааст, ки дар сарҳад гӯиё қочоқи нуриҳои минералӣ ошкор шуда, бо ҳамин сабаб Русия назоратро шадид кардааст.
Қобили зикр аст, ки назорат аз болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзҳои Русия ҳанӯз аз охири моҳи марти соли 2022 - пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” шадид шуд. Пас аз ин дар бисёре аз фурудгоҳҳои Русия шаҳрвандони Тоҷикистони ба ин кишвар воридшуда мавриди санҷиши шадид бо шиносоии маълумот дар телефонҳо қарор гирифтанд. Аксарият бидуни шарҳи сабаб ва манъи вуруд ба Русия ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста