Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи бориши шадиди борон дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст. Бархе аз заминҳои сокинони маҳаллӣ зери об монда, чанд роҳи марказӣ дар ВМКБ баста шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ додааст.
Ба навиштаи манбаъ, шаби 9 ба 10-уми апрел дар натиҷаи бориши борон таҳхонаи хонаҳои се сокини ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе зери об мондааст.
Дар деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор ду қитъаи замини сокинон ва дар деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигии чанд нафар зери об мондаанд.
Дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор оби дарёи Гурбок баланд шудааст, ки дар натиҷа қитъаи боғи як сокини маҳаллӣ зери об зер мондааст.
Манбаъ гуфтааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ чанд ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 9 -уми апрел соати 06:50, километри 478, 535 ва 576-уми роҳе, ки аз деҳаи Вазнавад ба ин ноҳия мегузарад, сел омада роҳро бастааст. Ҳоло қисман ин роҳ тоза карда шудааст ва ҳаракати нақлиёт дар роҳ байни Рӯшон ва Бартанг боздошта шудааст.
Дар шоҳроҳҳои марказии Ишкошим ва Шуғнон низ сел омада роҳро маҳкам кардааст. Ҳоло ҳарду ин роҳҳо кушода будааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва зарари молӣ ҳисоб карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар баробари ин хабар дод, ки мутахассисони ин ниҳод шаби 9-уми апрел, аз соати 22:58 то 23:50 дар се самти қаламрави шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода амалиёти махсуси зиддижолавӣ гузаронидаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, барои пешгирӣ аз жола 12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин корҳо бо мақсади ҳифзи зироат аз зарари жола анҷом дода шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода таъкид кардааст, ки то 11-уми апрел хатари фаромадани сангу тарма, ярч ва омадани сел дар минтақаҳои кишвар боқӣ мемонад. Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки заҳбурҳоро тоза ва аз оқибатҳои сел пешгирӣ кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста