Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон рӯйхати нозиронро дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъи (28-уми сентябр) Белорус муайян кард.
Раиси комиссия номбурда Муҳибулло Додоҷонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон панҷ нафар - сафири Тоҷикистон дар Белорус Амирхон Сафаров, котиби аввали сафорат Саидҷаъфар Сафаров, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Ҳокимҷон Мирсаев ва ду нафар кормандони комиссия - номбурда М.Додоҷонов ва сармутахассис Раҷабмурод Ашӯров ба рӯйхат шомил шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маротибаи чаҳорум дар Белорум мониторинги интихоботро доир месозанд.
Ҳайати нозирон ният дорад, дар ҳамаи 110 ҳавзаҳои интихоботӣ мониторинг гузаронида, бо аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавза ва минтақаҳо робита барқарор созад. Ҳамчунин баргузории мулоқот бо номзадон ва шахсони бовариноки онҳо ва интихобкунандагон низ дар назар аст.
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста