Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Барои шунавандагони Донишкадаи такмили ихтисос - кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавзӯи «Вижагиҳои назорати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо» тренинги серӯза баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тренинг бо дастгирии молиявии намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон доир мегардад. Ба сифати мураббиён кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ интихоб шуданд. Тренинг то 22-уми август идома хоҳад ёфт.
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста