Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков бар чунин назар аст, ки пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили асъори ягона барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) метавонад ба беҳбуди вазъи молияӣ дар ин кишварҳо мусоидат намояд.
И.Талбаков мегӯяд, иллати аслии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шикасти доллари амрикоӣ аст ва барои беҳбуди вазъи молиявӣ дар қаламрави ЕврАзЭС кишварҳои узви иттиҳодро зарур аст, асъори гардишии худро
ҷорӣ созанд. «Пайдо гаштани асъори нави саросарӣ (глобалӣ) дар солҳои наздик ғайриимкон аст, вале ҷорӣ сохтани асъори минтақавӣ айни замон мантиқан дуруст аст ва ман чунин мешуморам, ки ҳар як иттиҳод ё созмони кишварҳо бояд асъори ҳисобиву гардишии худро дошта бошад ва ба ин асъори Евро мисол шуда метавонад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ҷорӣ сохтани асъори ягона бидуни истисно ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЕврАзЭС, аз ҷумла Тоҷикистон низ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Баҳодур Сафаров чунин ибрози ақида намуд, ки чун сатҳи рушди иқтисоди кишварҳои узви ЕврАзЭС феълан гуногун аст, ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод ғайривоқеӣ аст ва ҳарчанд чунин пешниҳод ба нафъи кишварҳои қашшоқи минтақа бошад ҳам, барои намуна Русия ба он ҳеҷ гоҳ розӣ нахоҳад шуд, зеро иқдоми мазкур ба афзоиши берун рафтани сармоя аз ин кишвар боис хоҳад гардид. «Ғайр аз ин, кишварҳои узви иттиҳод то ҳанӯз оид ба созишномаҳои гумрукӣ тавофуқ ҳосил карда наметавонанд ва ҳарф задан перомуни ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод солҳои наздик ба мантиқ рост намеояд», - афзуд иқтисодчӣ.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста