Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бо кӯмаки Ҷопон 820 нафар аҳолии деҳаи «Чилдара» заминҳои кишташонро обёрӣ мекунанд. Чӣ тавре ки аз сафлорати Ҷопондар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи сохтмони канали обёрӣ дар деҳаи «Чилдара»-и ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара   73651 доллари ИМА ҷудо карда шуд.

Обанбор ва канали 600 метра барои обёрӣ кардани 40 гектар замини кишт сохта мешавад. Лоиҳа тавасути обёрӣ кардани заминҳо дар кӯҳистон ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ сабаб шуда метавонад. Инчунин хавфи офати табиӣ дар мавзеи мазкур паст гардонида мешавад.

Саҳми аҳолӣ дар лоиҳа бисёр муҳим мебошад. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои идора кардани системаи обёрӣ машғул хоҳанд шуд.

            Ҳукумати Ҷопон тайи ду соли охир ба сохтмони ҳафт лоиҳаи обёрӣ дар Тоҷикистон кӯмак расонидааст. Беҳтар намудани системаи обёрӣ самараи ҳосилнокии заминро махсусан дар чойҳое, ки системаи обёрӣ надоранд, баланд мекунад.

                Ноҳияи Тавилдара дар моҳи ҷорӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба иҷрои лоиҳаи мазкур шурӯъ кард. Дар назар гирифта шудааст, ки лоиҳа дар тайи 12 моҳ ба итмом хоҳад расид.