Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи низомии Фахробод таҳти унвони «Норак – Антитеррор» тамринҳои дурӯзаи воҳидҳои махсуси низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муваффақона ба анҷом расиданд.
Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин бо шумули ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат варзиданд. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода карда шуд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ҳадаф аз баргузории тамринот – ноил гардидан ба роҳандозии амалиёти муштарак баҳри дифоъ аз марзи давлатӣ, боздошти ҳавопаймои марзшикан, озод кардани шахсони гаравгонгирифиташуда ва нест кардани гурӯҳҳои террористии ба қаламрави кишварҳо воридшуда мебошад.



Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста